Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бесабаб нест, ки ҳама чизи хуб сифати некро дорад. Некӣ ҳамчунин зебоиву ҳусни зоҳирӣ ва ҷисмониро таҷассум менамояд. Аз ҷумла эзиди об Анаҳито, ки ҳамеша бо сифати нек ёд мешавад, дар кардаи сиюми Обонбиҳишти Яшт чунин тавсиф мегардад:
«Аредвисура Анаҳито ҳамвора ба пайкари дўшизае ҷавон, зебо, барўманд, камару миён баста, ростболо, озода ва бузургвор, ки ҷомаи заррини гаронбаҳои пурчине дар бар дорад, падидор мешавад.» Дар Вандидод мафҳуми некӣ маънии мушаххаси ҳаётӣ мегирад. Дар аксари сурудҳои ин асар сухан аз покии муҳити зист, бахусус обу хок меравад ва покӣ таҷассуми некӣ маҳсуб мешавад:
«Покӣ дар зиндагии инҷаҳонӣ бузургтарин некӣ барои мардумон аст. Он покӣ, ки мардумон аз дини Маздо дарёбанд, то хештанро бо андешаву гуфтор ва кирдори нек пок кунанд.» Некиву покӣ дар Авесто бо ҳам сахт марбут буда, бе ҳам вуҷуд надоранд. Агар дар қисматҳои аввали Авесто некӣ бештар мафҳуми маънавӣ дошта бошад, дар қисмати охири Вандидод он мафҳуми моддиву ҳаётӣ касб мекунад. Ниҳоят покии моддӣ бо покии маънавӣ яке шуда мафҳуми некиро ба таври барҷаста таъкид менамоянд:
«Хештанро пок бидор! Ҳар кас дар ин ҷаҳони зерин метавонад покиро барои хештан ба даст оварад; худро бо андеша ва гуфтори нек пок кунед.» Ин хитоб, ки аз қаъри ҳазорсолаҳои пешин садо медиҳад, имрўз ҳам ба ҳамон андоза муассир ва ҳаётист.
Парҳез аз хашму ғазаб, ки аз хислатҳои аҳриманист, аз шартҳои дигари некиву накукорист:
«Эй касоне, ки дил ба маниши нек бастаед, хашмро фурў афканед ва худро дар баробари тундхўӣ нерўманд кунед ва барои густариши аша ба мардумони нек пайвандед.» Дар Авесто як қатор эзидҳо бо тавсифи нек ёд мешаванд. Аз ҷумла эзиди бонуи тавонгариву подош Ашай ба мардум ҳамеша некиву ободӣ ато менамояд. Ў ҳатто ба ҳайвоноти пайравонаш ғамхорӣ зоҳир мекунад. Фариштаи нигаҳбони чорпоён Дрваспа бошад ба мардум некиву тандурустӣ мебахшад, «гуруснагиву ташнагиро аз оафаридагони Маздо дур месозад.» Зардушт дар як зумра сурудҳояш ҷавонону занони некандешу некгуфтор ва неккирдорро ситоиш мекунад.

пешина
аз 625
навбатӣ