Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Имоми Аъзам махсусан ба мардуми дорои дину оини дигар муносибати шоиста доштанро тақозо менамояд, ки аз назари баланди таҳаммулпазирии ў гувоҳӣ медиҳад. Тавре ки файласуфи тоҷик А. Муҳаммадхоҷаев ба субут расондааст, «умуман, Имом Абўҳанифа нисбат ба ҳамаи мазҳабҳои аҳли суннату ҷамоат, ташайюъ ва ҷараёнҳои мухталифи он нигоҳи таҳаммулпазир дошт». Илова бар ин Имоми Аъзам эҳтироми аҳли динҳои дигарро низ барои мусалмонон зарур медонад ва таъкид менамояд:
«Ба пайравони динҳои дигар рафтори муносиб ва ҳусни муоширатро ба роҳ мон ва дар пайи ислоҳи ҳамзистӣ бо онҳо бош !» Ин андеша дар он замон ва дар ҳамаи замонҳо барои пешгирӣ аз таассуби диниву мазҳабӣ хеле муҳим буда, имрўз низ аҳамияти худро гум накардааст ва яке аз рукнҳои асосии гуфтугўи тамадунҳо дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад.
Имоми Аъзам дар осори худ, ба хусус дар насиҳатномаҳояш муҳимтарин хислатҳои ҳамидаи инсонро ситоиш ва талқин намудааст. Аз ҷумла ў ба шогирдонаш ҳамеша дар зиндагӣ ба роҳи рост рафтан («аз ростӣ кор бигир»), вафодор будан(«вафо пеша кун»), саховатмандӣ («саховатпеша бош ва суфраат ҳамеша кушод бошад»), қаноатмандӣ(«бар он чи, ки Худованд аз моли дунё ва мақому мартаба ба ту иноят кардааст, қаноат кун»), ҳақгўӣ(«дар гуфтани ҳақ аз касе андеша ва бим надошта бош»),ҷавонмардӣ(«мурувват ва ҷаваонмардиро дар тамоми корҳо дар худ ҳифз фармо !»), ҳимматбаландӣ(«ҳиммати баланд дошта бош»), ҳалолкору ҳалолхўр будан(«дар тамоми корҳо нияти худатро холис гардон ва дар ҳар сурат кўшиш кун, ки ҳалол бихўрӣ»), хушгуфторӣ(«чун сухане гуфтӣ, некў бигў»), дўстӣ(«дар ҳузури мардум то метавонӣ изҳори дўстӣ ва муҳаббат кун»), бадкорӣ накардан(«аз шарписандӣ гурез намо»), мағрур набудан(«такаббурро раҳо кун»), фиреб надодан(«мабодо касеро фиреб диҳӣ, гарчи туро фиреб диҳанд»), бухл наварзидан(«аз бухлу ҳасад дурӣ гузин, ки он одамро расво месозад»), аз дурўғу тамаъ дур будан(«одами тамаъҷў, дурўғгў ва муғолатаандоз набош»), пургўӣ накардан(«ҳеч гоҳ дар назди ҳоким пурҳарфӣ ва пургўӣ накун») ва амсоли инҳоро тавсия менамояд. Вале муҳимтарин хислате, ки дар маромномаи ахлоқии Абўҳанифа ҷойгоҳи хос дорад ва ҳам дар осори фиқҳӣ, ҳам дар насиҳатномаҳо ва ҳам дар рўзгори ў ба мушоҳида мерасад, некиву накўкорист.
Имоми Аъзам дар муносибат бо мардум некиро меъёру василаи асосӣ қарор додааст. Инсон бояд дар ҳама кор ба ҷанбаи некии он таваҷҷўҳ дошта бошад. Ў некиро на танҳо ба падару модар, балки ба ашхоси бегонаву ношинос низ зарур мешуморад.

пешина
аз 625
навбатӣ