Равзанаи адаб

Маҳз бо ҳамин нукта оғоз шудани насиҳатномаи Абўҳанифа ба шогирдаш Юсуф ибни Холиди Самтӣ низ далели муҳим будани он аст: «Бидон, ки вақте ба мардум бадӣ ва бадрафторӣ кардӣ, бо ту душман ва бадбин мешаванд, ҳарчанд падару модарат бошанд ва низ агар ба онҳо хушрафторӣ ва некӣ кардӣ, гарчи бо ту бегона ҳам бошанд, бароят ба монанди падару модар мегарданд». Ба андешаи Абўҳанифа инсон бояд дар ҳамаи мавридҳои зиндагӣ некиро пеш гирад, яъне некиву накукорӣ бояд маҳаку меъёри асосии зиндагии инсон бошад : «Ҳамеша сабру таҳаммул, дили пургунҷоиш ва рафтори нек дошта бош». Дар насиҳат ба фарзандаш низ ў пайваста некиву накукориро талқин менамояд:
«Чун сухан гуфтӣ, некў бигў ! Бо одамони хуб дўстиву наздикӣ кун ва бо бадон мадоро намо !» Ин нуктаро, ки дар осори Абўҳанифа борҳо такрор шудааст, Ҳофизи Шерозӣ низ дар ғазале хеле барҷаста баён кардааст:
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дўстон мурувват, бо душманон мадоро. Абўҳанифа ба ҳама некӣ карданро раво медонад: «Ба ҳама кас хубӣ кун, чи касоне, ки ба ту хубӣ мекунанд ва чи ононе, ки бадӣ мекунанд». Ў ҳатто ба ҷафокорон некӣ карданро талқин менамояд: «Касе ба ту ҷафо намояд ҳам, бо ў рафтуомад кун ва касе ба пеши ту ояд, ўро икром намо!» Ҷои дигар ин матлабро боз равшантар ва қатъитар баён кардааст: «Касе бо ту бадӣ кунад, аз вай даргузар ва касе дар бораи ту сухани бад бигўяд ва аз ту ба бадӣ ёд кунад, ту аз ў ба некӣ ёд кун!» Ин андеша дар насиҳатҳои дигари Абўҳанифа низ такрор шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар масъалаи некӣ кардан донишмандону адибони Шарқ назари гуногун доранд. Баъзе касон некиро танҳо ба шахсони шоиста сазовор медонанд. Назари ин гурўҳро Саъдӣ дар «Гулистон» бо зикри мисолҳо хеле равшан баён кардааст: «Ҷои гул гул бош, ҷои хор хор». Вале намояндагони гурўҳи дигар ба ашхоси бад низ некӣ карданро раво ва ҳатто зарур мешуморанд.
Абўҳанифа низ аз ин гурўҳ буда, ҳамеша ба бадкорон некӣ карданро зарур мешуморад : «Бо ҳама некӣ кун, чи дар ҳаққи ту некӣ карда бошанд, чӣ накарда бошанд!» Таҳқиқи омилҳои пайдоиши ин андешаҳоро ба муҳаққиқони таърихи афкори ахлоқӣ вогузор намуда, ҳоло ин нуктаро ёдовар мешавем, ки андешаи дуввум бештар дар осору афкори аҳли тасаввуф ҷой дорад.
Масалан, Сайидалии Хамадонӣ низ ҷонибдори ин андеша аст.
Абўҳанифа муътақид аст, ки некиву накукории инсон ҳеч гоҳ зоеъ намешавад ва оқибат самар хоҳад дод. Дар яке аз номаҳои худ ў ин матлабро равшан баён кардааст: «Агар инсон дар садади кори нек баромада бошад, Худованд агар ирода кунад, ба ҳукми худ иҷоза хоҳад дод…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор