Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ўро дастгирӣ мекунад ва подош медиҳад…» Андешаҳои ахлоқии Абўҳанифа ва назари ў ба некиву накўкорӣ, албатта, қабл аз ҳама аз Қурони маҷид ва ҳадисҳои Пайғамбар(с) маншаъ мегиранд. Омили дигаре, ки боиси таваҷҷўҳи зиёди имом ба ин ҷанбаи ахлоқӣ шудааст, бешубҳа афкору андешаҳои ахлоқии тоисломии ориёист, ки ба таври равшан дар Авесто ифода ёфтааст ва далели барҷастаи он нуктаи маъруфи он «рафтори нек, пиндори нек ва гуфтори нек» аст.
Тавре ки зикр шуд, Имоми Аъзам на танҳо бо осору навиштаҳо ва афкору андешаҳо, балки бо амалу рафтор ва рўзгори худ низ ба ҳамзамонону пасояндагон сабақи одамияту башардўстӣ додааст. Дар сарчашмаҳо ҳамаи муосирон аз қаноатпешагиву саховатмандӣ, солеҳиву парҳезгорӣ, ҷавонмардиву хоксорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи худи Абўҳанифа ёд кардаанд. Вале муҳимтарин хислати ўро ҳамоно накукорӣ донистаанд. Масалан, халифа Ҳорунаррашид аз қозиюлқуззоти хилофат Абўюсуф роҷеъ ба ахлоқи Абўҳанифа суол мекунад ва ў да ҷавоб мегўяд: «Ман аз ў чизе намедонам, эй амирулмуъминин, магар ин ки дар ҳифзи нафси худ мекўшид ва ба ислоҳу тазкияи нафс бештар мепардохт, то ин ки ба ислоҳи дигарон бипардозад ва дар бораи касе ба ҷуз аз некӣ ёд намекард.» Дар бораи некиву накукории Абўҳанифа қиссаву ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки бешубҳа асоси воқеӣ доранд. Аз ҷумла дар ривояти «Ҳаққи ҳамсоягӣ» омадааст, ки Абўҳанифа ҳамсояе дошт, ки «шабро бо дўстонаш бо рақсу тарона мегузаронд» ва ўро нороҳат мекард. Вале вақте ки маъмурони низомӣ ўро ба зиндон меандозанд, Абўҳанифа ба назди ҳокими шаҳр рафта ҳамсояашро озод менамояд. Некӣ барои Абўҳанифа мароми асосии зиндагӣ буд ва ҳар чи хилофи он бошад, намеписандид. Ў маҳз ба хотири он ки роҳи накукории ўро мебандад, вазифаҳои сарварии байтулмол ва муҳрдории доруламоратро, ки воли Ироқ Ибни Ҳубайра пешниҳод карда буд, рад менамояд ва ба ҷазо гирифтор мешавад. Дар поёни умр низ ба ў вазифаи қозиюлқуззоти хилофатро пешниҳод мекунанд, вале ин дафъа ҳам ў розӣ намешавад ва дучори азият гашта зиндонӣ мешавад ва ба ҳалокат мерасад.
Андешаву омоли накухоҳонаи Имоми Аъзам ба афкору андешаҳои адибону донишмандони асрҳои пасин таъсири амиқ бахшидааст. Масалан, панди зерини ў, ки аз як ҳадиси Пайғамбар маншаъ мегирад, дар адабиёти тоҷику форс хеле машҳур аст: «Ба мардум ҳамон тавре раятор кун, ки ба худат рафтор мекунӣ ва барои онҳо чизеро биписанд, ки онро барои худат меписандӣ!» Андешаҳои ахлоқии Имоми Аъзам, Ки на танҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр, балки дар тамоми кишварҳои исломӣ хеле густариш доштанд, имрўз длр замони ҷаҳонгироӣ низ дар тарбияи мардум, ба хусус ҷавонон хеле арзишманд буда, шоистаи таҳқиқу баррасӣ ва тарғибу ташвиқанд.

пешина
аз 625
навбатӣ