Равзанаи адаб

Тибқи ин назария ҷангҳои оянда миёни 8 тамаддуни асосии дунё амсоли тамаддунҳои исломӣ, конфутсионӣ, ғарбӣ, японӣ, ҳинду, славянӣ, ортодоксӣ, амрикои лотинӣ ва африқоӣ ба амал хоҳад омад.
Назарияи мазкур мавриди баҳсу нақди донишмандону сиёсатмадорон қарор гирифт ва дар муқобили он назарияҳои дигар пешниҳод гардиданд, ки «назарияи омехтагии тамаддунҳо», назарияи «поёни таърих» Фукуяма, назарияи «воқеъгироии чандқутбӣ будани ҷаҳон»-и Киссенҷер, «назарияи навини ҷаҳон», назарияи «ҷаҳонгироии неолибералҳо» аз маъруфтарин онҳоянд.
Назарияҳои мазкур мавриди таваҷҷўҳ ва баррасии донишмандону сиёсатмадорони эронӣ низ қарор гирифтанд.
Файласуфони муосири шинохтаи эронии муқими Амрико Сайид Ҳусайни Наср назарияҳои мазкур ва ба хусус назарияи «Бархурди тамаддунҳо»-ро таъкид намуда, беасосиву якҷониба будани онҳоро таъкид мекунад, худи ў низ баъзан ба он роҳ медиҳад. Наср тамаддунро зодаи дин дониста, нақши башарро дар офаридани он инкор менамояд: «…ва тамаддунҳои бузурги дунё тамоман зодаи адён ва паёмҳои илоҳӣ ҳастанд. Ҳеҷ вақт башар тамаддун ба вуҷуд наёвардааст. Аслан ин ҳарф, ки башар тамаддун ба вуҷуд оварда, ин як ҳарфи лоадрӣ аст, ки аз фалсафаи ғарбии қарни нуздаҳум бархостааст». Сайид Ҳусайни Наср борҳо ин андешаро таъйид намуда, аз ҷумла мафҳуми тамаддуни мардумони эрониро саҳеҳ намедонад ва онро тамаддуни исломӣ мешуморад ва тамаддуни тоисломии онҳоро нодида мегирад ва ё ҷузви тамаддун исломӣ медонад:
«Тамоми тамаддунҳои ҷаҳон (тамаддунҳои асил) зодаи дин аст, ба ҳамин ҷиҳат банда ақида дорам, ки усулан як дин наметавонад бештар аз як тамаддун дуруст кунад». Ахиран Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммад Хотамӣ ноябри соли 1998 дар иҷлоси Маҷмаъи умуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди гуфтугўи тамаддунҳоро матраҳ намуда, хоҳиш кард, ки соли 2001 соли гуфтугўи тамаддунҳо номида шавад. Ин пешниҳод мавриди қабули ҳам Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам донишмандону сиёсатмадорони маъруфи олам қарор гирифт ва соли 2001 соли гуфтугўи тамаддунҳо эълон гардид.
Сайид Муҳаммади Хотамӣ дар суханрониаш дар иҷлоси Маҷмаъи умумии Созмони милал ба масъалаи сулҳ бештар таваҷҷўх зоҳир намуда, онро ба мафҳуми васеъи сулҳи куллӣ маънидод мекунад ва дар баробари сулҳи миёни мардумон сулҳи инсон бо табиатро низ таъкид месозад: «Сулҳи тамомиёр илова бар сулҳи миёни инсонҳо шомили сулҳи миёни инсон ва табиат низ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор