Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инсон бояд аз ғалаба ва истило бар табиат даст бардорад ва дар оянда бештар бар ҳамоҳангӣ миёни инсон ва табиат таъкид кунад, ҳифзи муҳити зист ба масобаи мероси муштараки табиӣ аз муҳимтарин авлавиятҳои қарни отӣ аст». Бояд гуфт, ки назарияву амалияи гуфтугўи тамаддунҳо дар таърихи башар решаҳои амиқ дошта, аз замонҳои қадим арзи вуҷуд мекардааст. Дар ин бобат махсусан, дар тамаддуни тоисломӣ ва исломи мардумони эронитабор ва аз ҷумла тоҷикон далелҳои фаровонеро пайдо кардан мумкин аст, ки ин ҷо чанде аз онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Тоҷикон чун яке аз қадимтарин мардумони ориёии сокини Осиёи Марказӣ дар робитаҳои гуногунҷабҳаи Шарқу Ғарб ва гуфтугўи тамаддунҳо саҳми босазо гузоштаанд. Кишвари бостонии Бохтару Суғд, ки онҳоро барҳақ «гаҳвораи нахустини давлати тоҷикон» номидаанд, ба тамаддуни олам дастовардҳои азиме ҳадя кардааст, ки барои пешрафти ҷомеаи инсонӣ то имрўз хидмат менамоянд. Муҳимтарини онҳо ганҷи шойгони ниёгони мо китоби муқаддаси Авасто ва оини зардуштӣ мебошад, ки ба фарҳангу тамаддун, дину оини халқҳои дигар таъсири калон расондаанд.
Авесто нахустин шоҳасарест, ки дар дунёи қадим ба мардуми олам сулҳу дўстӣ, кору кўшиш, гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори некро талқин намудааст. Офаридгори ин асари бузург Зардушт то имрўз аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи башар маҳсуб мешавад. Чунон ки донишманди Белжик Жак Дюшен фармудааст:
«Аз ҳамаи фарзандони Осиёи Ғарб аввалин касеро, ки ба фарзандӣ хондааст, Зардушт буд. Таълимоти ў Юнонро тақрибан чаҳоряк аср қабл аз он ки таълимоти Масеҳ пазируфта шавад, ғанӣ гардондааст. Зардуштро Афлотун ҳам медонист… Зардушт ягона касе буд, ки ҳикмати Осиёи бостонро муаррифӣ мекард» Таъсири пурфайзи Авесто ва оини зардуштро ба тамаддунҳои гуногуни олам донишмадон бо далелҳои фаровон нишон додаанд.
Аз ҷумла Б. Ғафуров дар ин бора фармудааст: «Оини зардуштӣ, ки дар Осиёи Миёна ба зуҳур омада буд, дар замони Ҳахоманишиҳо ба Эрон ва боз дуртар ба тарафҳои Ғарб паҳн шуда, баъдҳо (то замони таҳти истилои арабҳо воқеъ гардидани Эрон ва Осиёи Миёна) мазҳаби давлатии эрониҳо қарор гирифт. Ҳанўз дар асри 5 пеш аз мелод дар шаҳри Мемфиси Миср маъбади худои эронӣ Митра вуҷуд дошт. Дар давраи империяи Рим парастиши Митра дар бисёр мамлакатҳо расм гардида, то ҷазираҳои Британия расида буд…». Парастиши чор унсур – оташ, об, хок, бод низ аз оини зардуштӣ ба фалсафаи Юнони бостон гузоштааст.

пешина
аз 625
навбатӣ