Равзанаи адаб

Кашфиёту дастовардҳои илмии донишмадони форсу тоҷик хеле зиёд буда, мутаассифона, ҳанўз ҳарҷониба таҳқиқу таъйин нашудааст. Ин ҷо ба чанде аз онҳо, ки воқеан ҷавҳари гуфтугўи тамаддунҳо дар он асрҳо мебошанд, ишора мешавад.
Кимиёдони маъруфи хуросонӣ Ҷобир ибни Ҳайён назарияи пайдоиши филизотро эҷод кард.
Муҳаммад Закариёи Розӣ осори Гиппократу Гален ва дигар донишмандони Юнону Рум, Ҳинду Миср, Чину Сурияро омўхта, тибби назариро бо амалӣ пайваст. Ў бори аввал фарқи бемории обиларо аз сурхак муайян карда, усули гулбуриро дар муолиҷаи нағзак истифода намудааст. Ў нахустин донишмандест, ки дар таърихи тиб навиштани таърихи бемориро ҷорӣ кардааст, ки то имрўз идома дорад. «Розӣ аввалин донишмандест, ки имконияти бо усули кимиёвӣ сохтани доруҳои сунъиро ба аҳли башар пешкаш намудааст. Ў усули алкаҳол (Spiritus vini) ва сулема – дихлороди симобро (Hudraryrum dichioratum) кашф намудааст ва аввалин табибест, ки тори (кетгути) аз рўдаи борики гўсфанд сохтаро барои дўхтани захм ва докаро барои бастану захму ҷои ҷарроҳӣ истифода бурдааст. Ў чангаки махсуси фулузӣ барои бартараф намудани ҷисми ба гулў афтода ихтироъ кардааст». Абуабдулло Муҳаммади Хоразмӣ рақамҳои ба истилоҳ арабиро, ки решаи ҳиндӣ доранд, дар илм ва зиндагӣ ҷорӣ намуд, ки имрўз дар истифодаи аҳли олам аст.
Дар таҳкими робитаҳои илмии Шарқу Ғарб ва тарвиҷи гуфтугўи тамаддунҳо ба хусус хидмати ду донишманди бузурги ин даврон Абуалӣ ибни Сино ва Абўрайҳони Берунӣ хеле бузург аст.
Онҳо дар ин роҳ тамоми нерўву заковати худро сарф намуда, осори гаронбаҳое офариданд, ки пайвандгари тамаддунҳо мебошад.
Ибни Сино дар пешрафти илмҳои тиб, кимиё, риёзиёти ҳандаса, маъданшиносӣ, набототшиносӣ, ҳайвонотшиносӣ, физикаву геология, фалсаву мантиқ ва амсоли инҳо саҳми калон гузошта, ганҷинаи илми ҷаҳониро бо кашфиёту дастовардҳои илмии худ ғанӣ гардонидааст. "Алқонун"-и Ибни Сино доиратулмаорифи тиббиест, ки тамоми дастовардҳои тибби ҷаҳониро то он замон ҷамъбаст намуда, сипас дар тўли асрҳо китоби дарсии донишкадаҳои тиббии Аврупо будааст. Кашфиёти ў дар соҳаҳои гуногуни тиб хеле фаровон буда, аввалин рисолаи илмиро дар бораи муолиҷаи бемории қалб навиштааст ва садҳо доруи навро сохтааст. Дар осори фалсафии Ибни Сино, ба хусус "Шифо"-и ў гуфтугўҳои фалсафаву ҳикмати Шарқу Ғарб эҳсос мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор