Равзанаи адаб

Абўрайҳони Берунӣ низ дар соҳаҳои гуногуни илм кашфиёту ихтирооти зиёд карда, шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Ў андешаи низоми гелиосентрии оламро қабл аз Коперник баён карда буд. Берунӣ ҳарчанд дар кишваркушоиҳои Султон Маҳмуд дар Ҳиндустон ширкат варзида, чандин бор ба он кишвар сафар карда буд, вале ў бо худ донишу ҳикмат бурд ва дар зимни сафарҳо ба омўзиши забону фарҳанги ҳиндувон пардохта, шоҳасари худ "Китоб фӣ таҳқиқи молилҳинд"-ро офарид. Ў ҳамчунин барои пайвастани комёбиҳои ҳисоби юнониву ҳиндӣ кўшишҳо ба харҷ додааст.
Берунӣ дар китоби "Сайдана" дар бораи 1116 даво маълумот дода, номи 4500 даворо ба забонҳои арабӣ, форсӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, лотинӣ, чинӣ ва ғайра сабт намудааст.
Аббос Маҷусии Аҳвозӣ, Абулҳасани Табарӣ, Абумансури Қамарӣ, Абусаҳли Масеҳӣ, Абўбакри Бухорӣ, Ҳаким Майсарӣ ва амсоли онҳо бо омўзиши манбаъҳои тибби Юнон, Араб, Ҳинд ва таҷрибаҳои табибони кишварҳои гуногун осори зиёде офаридаанд, ки бештари онҳо ба забонҳои аврупоӣ чоп гардиданд.
Чунин мисолҳоро аз соҳаҳои дигари илму адаб ва фарҳанг ҳам метавон овард, ки бештари онҳо аз равобити мутақобилаи илму фарҳанги кишварҳои Шарқу Ғарб гувоҳӣ медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор