Равзанаи адаб

Ў ҳатто аз ин қасида насибу зўҳдиёту фахр барин бахшҳои маъмули қасидаи арабиро ҷустааст. Дар ҳоле ки ин шеъри Рўдакӣ ҳам аз лиҳози муҳтаво ва ҳам аз ҷиҳати сохтор аз қасидаи арабӣ тафовут дорад. Рўдакӣ дар ин шеър қолабшиканӣ карда, қасидаи комилан форсиву тоҷикиро офаридааст, ки дар он риояти қолаб муҳим нест, балки ҳадафи аслӣ баёни андешаҳои фалсафист.
Дар қасида боз як ҷанбаи дигари фалсафиро метавон мушоҳида кард, ки он назари хушбинии шоир ба ҳаёт ва олам аст.
Ҳарчанд матлаъу мақтаъи шеър дар назари аввал ҳузнангез менамояд ва бесабаб нест, ки баъзе муҳаққиқон амсоли И.С.Брагинский онро марсия(элегия) номидаанд, вале шеър ба таври куллӣ дар рўҳияи волои хушбиниву хушҳолӣ суруда шудааст. Шоир ба ёдоварии айёми хуши зиндагӣ дар овони ҷавонӣ, ишқварзӣ бо моҳрўён, рўзгори хушу фараҳманд дар боргоҳи Сомониён ва амсоли инҳо дилбастагиро ба зиндагӣ иброз менамояд. Бо он ки умри дароз, пастиву баландиҳои рўзгор, ки ногузиранд, яъне аз рўи қонуни ҳаёт ва хости Худованд(қазову қадар) сурат мегиранд, ҷисми ўро коҳиш додаанд, вале рўҳу иродаи ўро нашикастаанд. Ў аз он рўҳбаланд аст, ки умрро беҳуда нагузарондааст, аз лаззатҳои фаровони зиндагӣ бархўрдор шудааст, дар хидмати давлат ва мардум муваффақ будааст, соҳиби молу сарват ва иззату шўҳрат гаштааст. Ба назари мо қасида на марсия асту на шикоят аз пириву рўзгор, балки паёми ахлоқиву фалсафии шоир аст ба ҳамзамонону ояндагон, ки аз зиндагӣ ғофил набошанд ва аз ҳама хушиҳои он истифода намоянд.
Ба ин минвол Рўдакӣ дар қасида қабл аз ҳама ба баёни андешаҳои фалсафиву ҳикамӣ пардохта, нигоҳи худро нисбат ба зиндагӣ ва олами ҳастӣ ба қалам додааст ва пеши назари хонанда чун ҳакиму донишманди рўзгордидаву хирадманд ҷилвагар мешавад. Вале тавре зикр шуд, баъзе муҳаққиқони осори шоир инро нодида гирифтаанд. Ҳатто донишманди дақиқкор Шафеъии Кадканӣ зимни таҳлили вежагиҳои сувари хаёли ашъори бозмондаи Рўдакӣ таъсири илмро дар он инкор менамояд: «Дар миёни сувари хаёли ў (Рўдакӣ-М.М.) камтар чизе аз аносири ғайритабиӣ вуҷуд дорад, таъсири илмро ба ҳеч гуна дар хаёли ў наметавон ҷустуҷў кард». Вале баръакс баррасҳои олими набототшиноси тоҷик Мақсуд Ҳоҷиматов нишон медиҳад, ки аксари тасвирҳои унсурҳои табиат, ба хусус гиёҳу гулҳо дар ашъори Рўдакӣ асосу пояи илмӣ доранд. Илова бар ин тасвирҳои шоир дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ҳам чунон ки зикр шуд, ҷанбаи фалсафиву илмӣ доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё