Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

А. Насриддин саъй намудааст, ки матни сара ва нисбатан комили осори боқимондаи Рўдакиро ба вуҷуд орад. Барои расидан ба ин ҳадаф ў аз бозёфтҳои муҳаққиқони кишварҳои гуногун аз қабили Алиашрафи Содиқӣ, А. Мухторов, Л.И. Брагинская ва дигарон истифода кардааст. Ҳамчунин аз мақолаҳои зиёде, ки дар тасҳкеҳи абёти ҷудогонаи Рўдакӣ навишта шудаанд, истифода намуда, нуқсонҳоеро, ки дар матни маҷмўаҳои пешин ҷой доштанд, ислоҳ намудааст.
Ҳарчанд матни таҳиякардаи А. Насриддин ба маънии том матни илмиву интиқодӣ нест ва нусхабадалҳо зикр нагардидаанд, вале дар поёни ҳар шеър ё баётпораҳо бо рақамҳо маъхази он шеъро нишон дода шудаанд, ки аз рўи онҳо хонанда метавонад ба он манбаъҳо муроҷиат карда, матни дилхоҳро интихоб намояд.
Аз ин рў метавон таъкид кард, ки асари А.Насриддин «Рўдакӣ» ва мақолаҳои роҷеъ ба аҳволу осори Одамушшуаро таълиф кардаи ў саҳми назаррасе дар рўдакишиносӣ буда, барои ворид шудани муҳаққиқон ва хонандагон ба олами рангини эҷодии шоир ва дарку шинохти матни саҳеҳу дурусти осори гаронбаҳои ў роҳнамои судманд мебошанд.

Пайнавишт

3 А. Сатторзода.Мактабдори матншиносӣ. Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», 21.11.2013.

пешина
аз 625
навбатӣ