Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро.

Дар ашъори Кисоии Марвазӣ низ маъшуқ мақоми воло дошта, дар мартабаи шоҳест ва ошиқони бешумораш мисли сипоҳанд. Кулли аъзои бадани ў дар камоли латофату малоҳат буда, тимсоли зебоӣ маҳсуб мешавад ва ягон падидаи табиат наметавонад ба зебоиҳои онҳо баробарӣ кунад:
Эй зи акси рухи ту ойина моҳ, Шоҳи ҳусниву ошиқон-т сипоҳ.
Ҳар куҷо бингарӣ, дамад наргис, Ҳар куҷо бигзарӣ, барояд моҳ.
Рўю мўйи ту номаи хубист, Чӣ бувад нома ҷуз сапеду сиёҳ. Маъшуқ дар ашъори боқимондаи Валволиҷии Марвазӣ низ мазҳари зебоиву малоҳат аст:
Симдандонаку басдонаку хандонаку шўх, Ки ҷаҳон он-к бари мо лаби ў зиндон кард.
Лаби ў бинию гўӣ, ки касе зери ақиқ

Бо миёни ду гул – андар шакаре пинҳон кард.

Дар ашъори Рўдакиву ҳамасронаш беш аз ҳама тавсифи зулфи маъшуқ ба назар мерасад. Шоиронро печидагиву сиёҳӣ, дарозиву хушбўии он бештар ҷалб кардааст:
Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад В-ар бикшоӣ, чангали боз андозад.
В-ар печу хамаш зи якдигар бикшоянд, Доман – доман мушки Тароз андозад.
-х- Зулфат дидам сар аз чамон печида В-андар гули сурх арғувон печида, Дар ҳар банде ҳазор дил дар бандаш, Дар ҳар пече ҳазор ҷон печида.
-х- Шаби сиёҳ бад-он зулфакони ту монад, Сапедрўз ба покии (он) рухони ту монад.
-х- Ҳалқаи зулфат ҳама қасидаи айнӣ,

пешина
аз 625
навбатӣ