Равзанаи адаб

Ин таваҷҷўҳи Сомониён ба забону адаби форсӣ боис шуд, ки адабиёти порсӣ, ки аз аҳди Тоҳириёну Саффориён ба вуҷуд омада буд, бо суръате аҷиб тариқи камол гирад ва шоирону нависандагони бузурге ба вуҷуд оянд ва бунёди адаби форсӣ ба наҳве ниҳода шавад, ки асбоби истиқлоли адабии Эрон ба беҳтарин навъе фароҳам гардад" Аввалин иқдоме, ки ҷиҳати баррасии амиқтари масъалаи мавриди баҳс гузошта шудааст, мақолаи устод Расул Ҳодизода "Пеш аз Рўдакӣ" мебошад, ки мулоҳизаву фарзияҳои илмии муаллифро дар бар мегирад. Дар мақолаи мазкур чаҳор маншаи тараққиёти адабиёти қарни 10, яъне омилҳои фарҳангии он ба тариқи зайл нишон дода шудааст: "Якум. Дар вазъияти забони форсие, ки пеш аз замони Рўдакӣ вуҷуд дошт ва дар он назми нави дарӣ иншо мешуд. Дуюм. Дар намунаҳои аввалин шеъри форсӣ, ки дар замони ҳукмронии забон ва адабиёти араб дар сарзаминҳои нави забтшудаи маҳаллӣ ба вуҷуд омада буд. Сеюм. Дар суннатҳои шеъри арабӣ, ки пас аз истилои Эрон, Мовароуннаҳр аз тарафи шоирони эронинажод ба назми арабӣ ворид гардида буд. Чорум.
Дар анъана ва мазмунҳои адабии давраи қадим, яъне замони тоисломии халқҳои маҳаллӣ, ки дар шароити ҳукмронии забон ва адабиёти арабизабон ҳам барқарор ва побарҷо буд" Тавре ки аз гуфтаҳои фавқ ҳувайдост, донишмандон омилҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву адабии пешрафти адабиёти қарнҳои 9-10-ро ёд кардаанд, вале ҳанўз кулли авомил ба тариқи маҷмўъ мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.
Аксари донишмандон барҳақ давлати Сомониён ва вазъи пешрафти иқтисоди кишварро дар аҳди ҳукмронии онон аз авомили асосии ривоҷи адабиёт донистаанд. Дар воқеъ, давлати Сомониён аз тавонотарину бонизомтарин давлатҳои эрониву мусулмонӣ ва умуман ҷаҳонӣ буда, дар силсилаи давлатдории бостонии мардумони эронинажод чун ҳалқаи заррин ҷилвагар мешавад. Дар таърихи давлатдории ҷаҳон камтар ҳукуматеро метавон пайдо кард, ки мисли Сомониён дар як муддати кўтоҳ сарзаминеро, ки бар асари ҳуҷумҳои харобиовари аҷнабиён ва ҳамлаҳои тороҷгаронаи бодиянишинон вайрону парешон гашта буд, тавассути сиёсати одилонаву оқилона ба кишвари паҳновару шукуфон ва пешрафтаву басомон табдил дода бошад. Маҳз ба шарофату баракати давлати Сомониён, ба хусус кўшишу талошҳои давлатмардони номии он чун Исмоили Сомониву Наср бинни Аҳмад шаҳрҳои азиму ободони Бухорову Самарқанд, Фарғонаву Хуҷанд, Марву Нишопур, Балху Рай аз нав ривоҷ пайдо карда, ба марказҳои иқтисодиву тиҷоратӣ табдил ёфтанд, деҳоту рустоҳои Усрушанаву Бутамон, Шомону Чағониён, Рашту Хуталон бо ашёву колоҳои гаронбаҳои худ шўҳраи ҷаҳон гаштанд9 Ин ҳама пешрафтҳои иқтисодӣ ва оромиву осоише, ки дар давраҳои аввали ҳукумати Сомониён ба вуҷуд омадаанд, ба таъсису сохтани мадрасаву масҷиди фаровон, бузургтарин китобхонаи ҷаҳон дар Бухоро ва ривоҷи улуми ақливу шаръӣ, меъмориву хаттотӣ, наққошиву мусиқӣ ва дигар навъҳои ҳунару фарҳанг мусоидат намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё