Равзанаи адаб

Таърифи мусаммат муғлақ буда, дарки он барои хонанда душвор аст: «Мусаммат навъе аз шеъри тасмит буда, аз бандҳои 3-
Баъзан андешаҳо бедалел, вале қотеона баён шудаанд.
Масалан, зимни баррасии осори Сайидо таъкид шудааст, «сурудани мавзўъҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, ҷамъиятӣинсондўстӣ… ҳанўз аз Саъдӣ шурўъ шуда буд.» (саҳ.62). Маълум аст, ки мавзўъҳои мазкур қабл аз Саъдӣ дар осори адибони зиёд матраҳ шудаанд.
Китоби дарсӣ бояд аз ҳар ҷиҳат намунавӣ бошад,дар он ба хурдтарин нуқсонҳо роҳ дода нашавад, зеро хонандагон аз рўи онҳо савод меомўзанд. Мутаассифона, дар китоб ғалатҳои имлоӣ, ноҷо гузоштани аломатҳои китобат ва амсоли инҳо зиёд ба назар мерасанд. Масалан, калимаи ҷанба дар ҳама ҷо ҷанбаъ навишта шудааст. Ғалатҳои дигари имлоӣ аз қабили ғолибон, гирбод, серсеҳа, минависад, тарих,ҷоҳонбинӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо низ роҳ ёфтаанд, ки хонандаро ба иштибоҳ мебаранд.
Зеро дар охири китоб тасҳеҳ ҳам дода нашудааст.
Дар поёни сухан барои нашри ояндаи китоб чанд пешниҳод баён мешавад.
Аз чи сабаб бошад, ки ба китоби дарсии мазкур адибони маъруф Бадриддин Ҳилолӣ ва Восифӣ, ки дар адабиёти замони худ мавқеи баланд доштанд, дохил нагардидаанд. Ба назари мо онҳо бояд ба барномаи таълим дохил карда шаванд. Вале ба дохил кардани Гулханӣ зарурате нест. Зеро ў шоири зуллисонанйн буда, бештар дар адабиёти узбек мавқеъ дорад ва таҳлили муфассали «Зарбулмасал», ки ба забони туркӣ таълиф шудааст, дар китоб чун дарбеҳи ночаспон аст.
Ҳамчунин сабаби ба китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» дохил кардани шоири асри Х1Х Эрон Қоонии Шерозӣ ҳам норавшан аст.
Тавре ки маълум аст, адабиёти ягонаи тоҷику форс дар асри ХУ1 ба шохаҳо ҷудо шуд ва адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Хуросон ҷараён ёфт, ки сабабҳои онро академик А. Мирзоев, Иржи Бечка ва дигарон нишон додаанд. Мутаассифона, ин масъала дар муқаддимаи китоби дарсӣ матраҳ нашудааст.
Тавре ки маълум аст, дар пешрафти раванди адабии асрҳои ХУ1 – Х1Х нақши ҳавзаҳои адабӣ хеле калон аст. Аз ин рў дар нашрҳои оянда додани маълумот дар бораи ҳавзаҳои адабии Ҳисор, Бадахшон, Рашт, Хатлон, Зарафшон, Истаравшан ва амсоли инҳо, ки таҳқиқ шудаанд, аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор