Равзанаи адаб

Чунин ишораҳо дар як зумра аз асарҳое, ки ба андешаҳои ахлоқии Саъдӣ бахшида шудаанд, низ ба назар мерасад, ки дар мавридаш ба онҳо ишора хоҳад шуд.
Донишманди шодравон А. Мирзоев ҳам дар зимни тадқиқи осори шоири барҷастаи асри 15-и тоҷик Камолиддин Биноӣ ба масъалаи мазкур, бахусус таърихи он чанд ишораи муҳим кардааст, ки қобили таваҷҷўҳ ва ёдоварӣ мебошад. Ў дар боби ҷудогонаи «Биноӣ ва масъалаи ташаккулёбии шахсияти фардӣ» андешаҳои ахлоқии шоирро дар бораи пайдоиши хислатҳои неку бад бо зикру таҳлили мисолҳо аз маснавии "Беҳрўзу Баҳром" мавриди баррасӣ қарор додааст ва ба натиҷае расидааст, ки Биноӣ низ ирсӣ будани хулқи баду некро таъйид намудааст.
А. Мирзоев зимнан ба таърихи масъала назар андохта, онро ба имтиёзи табақавӣ дар ҷамъияти феодалӣ вобаста медонад. Ҳамчунин бо таъсири ҳадиси «Кулли шайъин ярҷаъу ила аслиҳи» ҷанбаи (характери) динӣ гирифтани он ақидаро таъкид менамояд. Вале ба назари мо, ақидаи ирсияти хислати бад таърихи қадимтар дошта, шояд ба давраҳои ибтидоии таърих мансуб буда, аз тасаввуроти мардум дар хусуси муборизаи оштинопазири некиву бадӣ маншаъ мегирад.
Бесабаб нест, ки ин ақида то имрўз дар тасаввури марумони эронитабор сахт ҷой гирифтааст. Зарбулмасалу мақолҳои зиёде, ки дар ин мавзўъ ҷой доранд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд:
Гандум аз гандум бирўяд, ҷав зи ҷав.
Зангӣ ба шустан сафед намешавад.
Гургзода гург шавад.
Албатта, дар ташаккули ақидаи мазкур таъсири ислом, бахусус оятҳои ҷудогонаи Қуръони маҷид ҳам ҳаст, ки дар ин бобат дар мавридаш сухан хоҳад рафт.
Дар хусуси ҳадиси мазкури расули акрам (с) бошад ҳаминро бояд гуфт, ки дар он на ирсияти хислатҳои инсонӣ, балки баргашт ба асл пас аз марг таъкид шудааст ва ба масъалаи ирсияти хулқ робитаи мустақим надорад.
А. Мирзоев дар идомаи сухани худ ҳамчунин таъкид мекунад, ки дар андешаи шоирони гузашта дар хусуси ирсияти хулқи неку бад баъзан «роли тарбият инкор карда шудааст». Вале пас аз тааммул дар саргузашти Беҳрўзу Баҳроми маснавии ҳамноми Биноӣ, ки ҳар ду аз як падару модар зода шудаанду пас аз ба камол расидан бо таъсири муҳит яке манфиатрону дигаре зараррасони мардум мегардад, бар хилофи ақидаи аввал ба хулосае меояд, ки дар назари шоирон, аз ҷумла Биноӣ ихтилоф мавҷуд аст. Яъне, аз як тараф, таъсири тарбиятро нодида мегирад, вале, аз тарафи дигар, бо таъсири муҳит тағйир ёфтани хислати қаҳрамонро нишон медиҳад.
Ба назари мо, ин ҷо ихтилофе нест, балки андешае ниҳон аст, ки хислати аз асли бад реша гирифта ҳеҷ гоҳ ислоҳ, яъне нек намешавад (намади сиёҳ бо шустан сафед намешавад, гургзода гург мешавад…).
Вале хислате, ки аз асли нек сарчашма мегирад, бо таъсири муҳити бад ва тарбияти нодуруст метавонад бад гардад. Масалан, Баҳром аз оилаи хуб аст, вале бо таъсири одамони бад ба шахси зараррасон табдил меёбад. Шоирони форсу тоҷик дар он ақида буданд, ки тарбият ба шахси некасл хеле муҳим аст. Зеро дар сурати суст шудани тарбият
А. Мирзоев. Биноӣ, Сталинобод, 1957, саҳ. 225.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор