Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Набуд ин ҷуз сипаҳсолори Эрон, К-аз ў обод шуд Эрони вайрон.
Бад ў мар шоҳиёнро иззу ком аст, Бубинӣ Носируддавлат-ш ном аст.
Дар бораи шахсияти Носируддавла донишмандон андешаҳои гуногун баён кардаанд. Агар Жилбер Лазар ўро Абулҳасан Муҳаммад ибни Иброҳими Симҷўрӣ – ҳокими Кўҳистон шуморад, ба назари Бароти Занҷонӣ «ба эҳтимоли бисёр қавӣ мамдўҳи Майсарӣ бунёнгузори силсилаи Ғазнавӣ, яъне амир Сабуктегин аст, ки лақаби Носируддавла дошта ва аз шаъбони 366 ҳ.қ.
1 ҷонишини Алптегин шуда ва қудратро ба даст гирифтааст.»
Дарвоқеъ манзур аз Носируддавла Сабуктегин – падари Маҳмуди Ғазнавӣ будан ба ҳақиқат наздиктар аст. Зеро ҳокимони ғазнавӣ ҳарчанд туркнажод буданд, вале саъй мекарданд, ки худро эронинажод вонамуд сохта, давомдиҳандаи суннатҳои Сомониён нишон диҳанд.
«Донишнома» бо ситоиши офаридгори тамоми олам оғоз ёфта пеш аз ҳама тавсифи дониш ва таснифи иллатҳоро дар бар мегирад. Майсарӣ асосу аркони донишро, ки мавриди истифодаи мардум аст, чаҳорто, яъне нуҷум, ҳандаса, пизишкӣ ва дин медонад. Аз ин чаҳор навъи дониш ў бахусус пизишкиву динро дар ҳаёти мардум хеле муҳимму лозим мешуморад, зеро онҳо ба ҳастии ҷисмониву равонии инсон марбутанд:
Пизишкирову динро гар надонӣ, Зиён аст ин ҷаҳонӣ в-он ҷаҳонӣ.
Яке танро зи беморӣ бисўзад,
Дигар ҷонро ба дониш барфурўзад.
Пизишкӣ донишаш танро паноҳ аст Ва дин донистастанаш ҷонро сипоҳ аст.
Рисола, ки асосан ба тибби амалӣ бахшида шудааст, пеш аз ҳама дар бораи таркиби бадани инсон маълумот медиҳад. Аз ҷумла муаллиф таъкид мекунад, ки тани одам аз 246 лахт устухон ва 360 раг иборат аст. Сипас Майсарӣ ба шарҳи мизоҷ, хусусиятҳои ҳар мизоҷ, нишонаҳои онҳо дар бадани инсон мепардозад. Дар фасли «Асмои адвия» ба тартиби алифбои абҷад номи 215 доруи табииву кимиёӣ зикр шуда, табъу хосияти ҳар кадом баён мегардад. Муаллиф хусусиятҳои шифоии доруҳои гуногунро хеле мухтасар ва хотирнишин ба қалам додааст.
Масалан, хосияти давоии қатрон ва истифодаи он дар дандонпизишкиву бемориҳои занона ба тариқи зайл баён шудааст, ки имрўз ҳам қобили истифода мебошад:
Ва гарму нек бошад табъи қатрон, Нишонад зуд-зуд ў дарди дандон.

пешина
аз 625
навбатӣ