Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар «Донишнома» калимаҳои «турш» дар шакли «туруш», «шикам» ба тарзи «ишкам» сабт шудаанд ва ин калимаҳо дар забони гуфтугўии тоҷикон низ ҳамин шаклро доранд. Майсарӣ дар баъзе мавридҳо бандаки «ам»-ро дар шакли «ум» овардааст, ки дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ маъмул аст:
Абар Ҳайдар, ки бошад ў чаҳорум, Ки ҳаст ин дўстишон ёдгорум.

Ба ин тартиб дар рисолаи Майсарӣ калимаву ибораҳои хоси гўишҳои Мовароуннаҳр, ки то имрўз дар забони тоҷикӣ боқӣ мондаанд, зиёд ба назар мерасанд, ки ҳоло бо зикри чанде аз онҳо иктифо мешавад: рим, ҳулба, карам, чил, ёристан, ёзидан, нони фатир, мондагӣ, мўза, лахт, ҳилм, гўгирд, шуш, хурдакак, пист, оруғ, сабуса, нохунаки чашм, бодиринҷ, ганда, иллат (айб, дард), нам, тарӣ…
Тавре ки мебинем, рисолаи «Донишнома»-и Майсарӣ бо он ки беш аз ҳазор сол қабл аз ин навишта шудааст, на танҳо бо мазмуну мундариҷа, балки бо забону истилоҳоташ низ хеле ҷолиб буда, имрўз ҳам арзиши баланди худро аз даст надодааст.
Ҳоло ки кишвари бостонии мо соҳибистиқлол гашта, забони тоҷикӣ аз нав мақоми гумкардаи расмиву давлатиашро пайдо мекунад ва мисли ҳазор сол муқаддам ба забони илму адаб дар ҳамаи соҳаҳо табдил меёбад, истифодаи оқилонаи ганҷинаи пурбаҳои рисолаҳои тиббии ниёгонамон беш аз пеш аҳамияти бузургро касб менамояд. Дар ин кори хайру муҳим нахустин рисолаи манзуми тиббии тоҷикӣ «Донишнома»-и Майсарӣ метавонад саҳми калоне гузорад. Инро худи Майсарӣ ҳам дар поёни рисолааш таъкид кардааст:
Магар ин номаи ман дер монад, Пас аз ман то касе онро бихонад…
Бо назардошти гуфтаҳои боло мо саъй намудем, ки хонандагони тоҷик, ба хусус аҳли тибро бо ин рисолаи муҳимму муфиди илмӣ ошно созем. Азбаски ин рисола ҳанўз ҳарҷониба ҳам аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва ҳам аз ҷиҳати забону истилоҳот баррасӣ нашудааст, ба таври комил манзури хонандагон кардани он басо душвор аст. Аз ин рў, мо лозим донистем, ки барои ошноии пешакӣ бо ин рисола қисмати умдаи онро интихоб намоем ва нашри пураи он пас аз омўзиши ҳарҷонибаи рисола амалӣ гардад.
Нашри «Донишнома»-и Майсарӣ, яке аз офаридаҳои судманди ниёгони пуршарафи мо дар аҳди Сомониён, ки то вақтҳои охир аз назарҳо пинҳон монда буд, бешак имрўз барои беҳдошти тану рўҳи мардум дармон хоҳад гашт.

пешина
аз 625
навбатӣ