Равзанаи адаб

«Шоҳнома» бори дигар дар нўҳ ҷилд ба ҳуруфи имрўзаи тоҷикӣ нашр гардид. Дар бораи ин шоҳкори безаволи Фирдавсӣ як силсила осори илмӣ ба табъ расид.
Андарзҳои он дар чандин намуд чоп шуд. «Шоҳнома» дар он солҳои пурошўб бешубҳа барои расидан ба оштии миллӣ ва ваҳдати мардум, ки аз ғояҳои асосии ин шоҳасар аст, мусоидат намуда, эҳсоси ватандорӣ ва худшиносии миллии мардумро боло бурд.
Дар баланд бардоштани маърифати мардум ва ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши осори шоир ва мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ хеле бузург аст. Аз ин ҷост, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чандин суханрониҳои худ зарурати омўзиши осору афкори ин нобиғаро таъкид намуд ва ниҳоят соли 2007-ро соли бузургдошти Ҷалолиддини Балхӣ эълон кард. Кумитаи тадорукоти ҷашни 800- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ таъсис дода шуд , ки ба он худи Президенти мамлакат сарварӣ мекард. Тадбирҳои зиёде ба нақша гирифта шуданд. Аз ҷумла дар муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бахшида ба ҳаёт ва осори шоир ва мутафаккири бузург конференсияҳои илмӣ баргузор гардиданд. Дар қонференсияи байналмилдалие, ки таҳти унвони «Мавлоно ва гуфтугўи тамаддунҳо» дар шаҳри Душанбе барпо гардид, 90 донищманди хориҷӣ аз 29 кишвари дунё ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласи ифтитоҳии конференсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, арзишҳои маънавию ахлоқии осору афкори Ҷалолиддини Румиро баррасӣ намуд ва аҳамияти онҳоро дар замони имрўз, ба хусус дар гуфтугўи тамаддунҳо нишон дод. Ў дар бораи бузургии Мавлоно сухан ронда, ватандўстиву башардўстӣ, озодандешӣ, донишомўзӣ, накўкориву таҳаммулпазирӣ барин хислатҳои ҳамидаро фазилати осори ў медонад, ки имрўз ҳам барои ҳидояти мардуми сайёра ба роҳи неки зиндагӣ судманданд.
Ба муносибати ҷашни мазкур асарҳои таҳқиқотии донишмандони тоҷик амсоли «Фалсафаи Ҷалолиддини Румӣ»-и М.Маҳмадҷонова, «Мавлоно»-и Х.Зиёев, «Девони кабир»-и Ҷалолиддини Румӣ дар ду ҷилд, «Дурдонаҳои назми Румӣ» ва ғайра ба табъ расиданд, ки на танҳо дастоварди муҳими илмӣ дар таҳқиқу тарғиби осори шоир бузург буданд, балки дар тарбияи ватандўстиву худшиносии миллии мардум низ судманданд.
Ҷашни 1150-солагии бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абўабдулло Рўдакӣ аз муҳимтарин падидаҳои фарҳангии даврони истиқлол буд. Барои баргузороии ин ҷашн Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус сарвари давлат таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, тадбирҳои назаррас андешиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор