Равзанаи адаб

Дар фаслҳои «Рўдакӣ-бахше аз китобҳо (эронӣ)» ва «Рўдакӣ-бахше аз китобҳо (ғайриэронӣ)» асарҳое муаррифӣ шудаанд, ки танҳо қисмате аз онҳо ба Рўдакӣ ихтисос доранд.
Ба ин минвол китоб аз фаслҳои «Рўдакӣ-тарҷумаҳо», «Рўдакӣ-фарҳангҳо», «Рўдакӣ-тазкираҳо», «Рўдакӣ-поённомаҳо», «Рўдакӣ дар китобҳои форсии умумӣ», «Рўдакӣ-мақолаҳо (ғайриэронӣ)», «Рўдакӣ-мақолаҳо (эронӣ)», «Рўдакӣ-бахше аз мақолаҳо (эронӣ)», «Рўдакӣ-бахше аз мақолаҳо (ғайриэронӣ)» ва ғайра иборат аст. Дар фаслҳои охир роҷеъ ба рўдакишиносони маъруфи эрониву ғайриэронӣ иттилооти муфид дода шудааст.
Китоб дорои арзиши иттилоърасонӣ буда, хонандагони эрониро ба баъзе осоре, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Шарқу Ғарб дар бораи Рўдакӣ ба табъ расидаанд, ошно менамояд.
Бо вуҷуди ин китоб ҳанўз комил набуда, аз нуқсонҳо холӣ нест.
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки мутаассифона, дар пешгуфтор равишу усули мураттаб сохтани феҳрист, манбаъҳои он нишон дода нашудааст, ки ин ба қисматҳои дигари китоб таъсири манфӣ расондааст. Масалан, дар фасли «Рўдакӣ-китобҳо (эронӣ)» миёни такнавиштҳо (монографияҳо) ва осори мураттабшуда фарқ гузошта нашудааст. Дар як бахш гузоштани осори таҳқиқии Саид Нафисӣ, Насруллоҳи Имомӣ бо китобҳои таҳиякардаи Исмоили Ҳокимӣ, Манучеҳри Донишпажўҳ, Алии Деҳбошӣ, Ҷаъфари Шиор ва амсоли онҳо дуруст нест. Дар ҳамин фасл китоби Ҳумоюнфард «Китобшиносии Рўдакӣ» шарҳ дода шудааст, ки он тавре ки зикр шуд, дар асл тарҷумаи форсии ду ҷилд феҳристи китобшиносии Рўдакӣ мебошад, ки дар Душанбе ба забонҳои тоҷикиву русӣ ба табъ расидаанд. Дар таълифи зиндагиномаи Рўдакӣ, мутаассифона, аз таҳқиқоти ҷамъбастии рўдакишиносии ғайриэронӣ, ба хусус асарҳои А. Мирзоев ва А. Тоҳирҷонов, ки ба забони форсӣ дар Теҳрон низ ба табъ расидаанд, истифода нашудаанд. Дар асарҳои мазкур роҷеъ ба нобиноии Рўдакӣ, замони вуруди шоир ба дарбор, муносибати ў ба қарматия ва амсоли инҳо мулоҳизаҳои тоза баён шудаанд.
Дар фаслҳои китобшиносии асар ҳам низоми муайян ба назар намерасад. Масалан, дар бахши китобҳои ғайриэронӣ мақолаҳои М. Турсунзода, К. Айнӣ, М. Бақоев, М. Нурматов, А.
Колпаков, Э. Алназаров ҷой дода шудаанд, ки на китоб, балки мақолаҳои оммавӣ буда, дар рўзномаҳо ба табъ расидаанд.
Дар бахши фарҳангҳо дар радифи «Ғиёсуллуғот», «Луғатнома»-и Деҳхудо, «Фарҳанги форсии Муин» гузоштани «Фарҳанги суханварон»-и Хайёмпур дуруст нест, зеро он феҳристи китобшиносӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор