Равзанаи адаб

Дар ин бобат зимни ишора ба муҳимтарин хусусиятҳои ашъори Кисоӣ Забеҳулло Сафо дуруст навиштааст :
«Кисоӣ гузашта аз тавсифоту мадоеҳи шевое, ки сохта, дар мавъизаву ҳикмат ҳам нахустин шоирест, ки тавонист ба мароҳил саҳме аз пешрафт ноил шавад.» Осори боқимондаи адабиёти асри Х гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанўз тасаввуф дар шеъри форсӣ густариши васеъ наёфта буд. Ин раванд аз асри Х1 шурўъ шуда, минбаъд хеле рушду тавсиа пайдо мекунад ва ба адабиёти тоҷику форс рангу бўй ва таровати тоза мебахшад. Вале дар осори Рўдакӣ ва муосиронаш ишқи табииву заминии инсон ба инсон ба таври воқеиву равшан ва содаву равон бозтоб ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё