Равзанаи адаб

АСАРИ МУҲИМ ДАР РЎДАКИШИНОСӢ
Дар бораи бунёдгузори адабиёти тоҷику форс устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ аз замони зиндагиаш то имрўз шоирону тазкиранигорон, таърихнависону муҳаққиқони зиёде сухан ронда, даҳҳо монография, садҳо рисолаву ҷузва, ҳазорҳо шеъру мақола офаридаанд. Дарвоқеъ рўдакишиносӣ имрўз ба як шохаи муҳимми эроншиносӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо таҳқиқи аҳволу осори шоири бузург, балки баррасии осору андешаҳои ҳамасрони ў ва суннатҳои адабии ононро фаро мегирад.
Дар ҳар давраи рўдакишиносӣ як ё чанд асари ҷамъбастӣ офарида шудаанд, ки баррасиҳои муҳаққикони оламро дар ин мавзўъ арзёбӣ менамоянд. Аз ҷумлаи чунин асарҳои ҷамъбастӣ метавон аз осори ховаршиноси маъруфи олмонӣ Ҳ. Эте ёд кард, ки таҳқиқоти эроншиносони Ғарбу Шарқро дар асри Х1Х ҷамъбаст намуда, 238 байти Рўдакиро, ки то он замон ҷамъоварӣ шуда буд, соли 1879 бо тарҷумаи олмонӣ ба табъ расонид.
Асари дувуми ҷамъбастӣ дар ин замина «Устод Рўдакӣ»- и Садриддин Айнӣ аст, ки соли 1940 чоп шуд ва баррасии иттилооти сарчашмаҳову осори таҳқиқотӣ ва кашфиёту бозёфтҳои худи Айниро дар рўдакишиносӣ фаро мегирифт.
Яке аз муҳимтарин асарҳо дар рўдакишиносӣ китоби сеҷилдаи Саид Нафисӣ «Аҳвол ва ашъори Абўабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рўдакии Самарқандӣ» ба шумор меравад, ки куллияи маълумоти дастраси марбут ба аҳволу осори Рўдакӣ ва муосиронашро дар бар мегирад.
Ба муносибати ҷашни 1100-солагии Рўдакӣ таҳқиқи рўзгору осори шоир хеле ривоҷ пайдо кард, ки аксари онҳо дар асари А. Мирзоев «Абў Абдулло Рўдакӣ» ҷамъбандӣ шудаанд.
Пас аз он дар рўдакишиносӣ марҳалаи наве шурўъ шуд, ки баррасии амиқу мушаххаси масъалаҳои замон, ҳаёт ва осору андешаҳои шоир аз хусусиятҳои хоси он аст. Ин ҷанбаи рўдакишиносӣ дар асарҳои ҷамъбастии А. Тоҳирҷонов ва Аълохон Афсаҳзод ба назар мерасад. Ба хусус асари А.
Тоҳирҷонов «Рўдакӣ. Рўзгор ва осор. Таърихи таҳқиқ» дар ин бобат хеле қобили таваҷҷўҳ мебошад. Зеро дар он дастовардҳои рўдакишиносӣ ва масъалаҳои ҳалношудаи он бозтоб ёфтааст. Вале ин асар ба таври шоиста тақдир ва қадрдонӣ нашудааст. Китоби мазкур соли 1968 дар нашриёти Донишгоҳи Ленинград бо теъдоди 500 нусха ба тариқи офсет бо сифати пасти полиграфӣ чоп шуда, дигар ба табъ нарасидааст. Аз ин ҷост, ки аз ин китоб на танҳо хонандагону донишҷўён, балки ҳатто аксари муҳаққиқон огоҳӣ надоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор