Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тавре ки зикр шуд, китоби А. Тоҳирҷонов бар пояи баҳс асос ёфтааст ва бесабаб нест, ки муаллиф зарбулмасали арабии «Алҳақиқат бинтулбаҳси»(ҳақиқат духтари баҳс)-ро шиори худ қарор додааст. Ҳарчанд ин баҳсҳо ҳамаи масъалаҳои печидаву пўшидаи аҳволу осори Рўдакиро комилан ҳал накардаанд, вале барои дарки ҳақиқат мадад мерасонанд.
Яке аз масъалаҳои хеле баҳснок, ки ҳанўз то охир равшан нашудааст, кўрии Рўдакист. Ихтилофи назар дар бораи кўрии шоир аз замони ў шурўъ шуда, то имрўз идома дорад. Аз ин ҷост, ки А. Тоҳирҷонов як боби калони китоби худро ба ин мавзўъ ихтисос дода, баҳси хеле тўлонӣ оростааст. Ў тақрибан ҳамаи байтҳои боқимондаи шоирро, ки марбут ба рангу биноиянд, тавзеҳ дода, маълумоти сарчашмаҳо ва назари муҳаққиқонро мавриди баррасӣ қарор додааст. Тавре ки муаллиф таъкид кардааст, ҳанўз ҳамасрони Рўдакӣ амсоли Абўзироаи Гургониву Дақиқӣ ва Абўҳайёни Тавҳидиву Фирдавсӣ ба ин масъала ишораҳо кардаанд. Муҳаққиқон бо истинод ба он ишораҳо ва маълумоти сарчашмаҳо ду навъ андеша баён кардаанд. Як гурўҳ ақида доранд, ки кўри модарзод будааст. Гурўҳи дигар дар охири умр кўр кардани ўро таъкид намудаанд.
Дар рўдакишиносии Шўравӣ андешаи кўр кардани шоир зуд қабул гардид ва муҳаққиқон саъй менамуданд, ки онро бо далелҳои тоза тақвият диҳанд. Ин пеш аз ҳама ба ҷанбаи иҷтимоигароии адабиётшиносии шўравӣ бастагӣ дошт. Зеро кўр кардани шоир ҷанбаи мҷтимоии шахсияти ўро пурқувват менамуд ва барои баланд бардоштани мақоми ҷамъиятии вай далели қотеъ мегардид. Аз ин ҷост, ки ҳатто антропологи маъруфи шўравӣ М.М. Герасимов маҳз ба ҳамин хотир саъй намудааст, ки фарзияи кўр кардани шоирро бо ҳар роҳу васила тақвият бахшад. Дар ин роҳ ў ҳатто аз сохтакориву бемантиқиҳо рўй натофтааст, ки ҳамаи онҳоро А. Тоҳирҷонов бо далелҳои мўътамад нишон додааст.
А. Тоҳирҷонов пас аз баҳси тўлонӣ ниҳоят ба натиҷае мерасад, ки Рўдакӣ кўри модарзод буд. Дар воқеъ далелҳои пайдокардаи ў собит менамоянд, ки шоир кўр карда нашудааст.
Вале ба назари мо дар масъалаи кўри модарзод будани шоир далелҳои ў қотеъ ва мўътамад нестанд. Аз ҷумла А. Тоҳирҷонов гувоҳии муосирони Рўдакиро «далели қавитарин» медонад. Вале агар ба гуфтаҳои онҳо бо таҷдиди назар ва тааммуқи бештар нигарем, ҳеч кадом сареҳан шоирро кўри модарзод нагуфтаанд. Масалан, Абўзироа навиштааст :

пешина
аз 625
навбатӣ