Равзанаи адаб

Албатта, асо гирифтан дар забони тоҷикӣ маънии маҷозии «пир шудан», «хамидақомат гаштан», «мўҳтоҷ шудан» ва ҳатто «азодор шудан»-ро медиҳад.
Вале дар байти мазкур калимаи «асо» ду бор такрор шудааст ва асои аввал, ки бо таъкид зикр ёфтааст, маънии воқеиро дорад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки биноии Рўдакӣ дар ҳақиқат заиф, яъне тира будааст, ки он ё ба таври модарзодӣ ва ё бар асари беморие ба вуҷуд омадааст.
Табиист, ки сустиву заифии биноӣ бо мурури замон бештар гардида, дар охирҳои умр боиси нобино гаштани ў шудааст.
Аз рўдакишиносон ба ин натиҷа А. Мирзоев наздик шуда буд. Ў дуруст мушоҳида карда буд, ки Рўдакӣ заъфи биноӣ доштааст ва эҳтимоли ба бемории оби марворид гирифтор шудани шоирро таъкид карда буд, ки комилан табиист ва имрўз ҳам зиёд ба назар мерасад. Вале мутаассифона, А. Мирзоев ин андеша ва ё ба ибораи дигар кашфи худро то ба охир нарасонда, бо далелҳо тақвият набахшид ва баръакс андешаи Саид Нафисиро ҷонибдорӣ намуда, фарзияи кўр карда шудани Рўдакиро тасдиқ намуд.
Мисоли мазкур гувоҳи он аст, ки баҳс перомуни аҳволу осор ва андешаву афкори Рўдакӣ идома дорад ва асари А.
Тоҳирҷонов метавонад дар ин замина маводу ғизо диҳад.
Аз ин ҷост, ки асари «Рўдакӣ. Рўзгор ва осор. Таърихи таҳқиқ»-и А. Тоҳирҷонов ба забони форсӣ тарҷума шуда, дар муассисаи бонуфузтарини Эрон «Амири Кабир» ба табъ расид ва писанди хонандагони зиёд гардид.
ОСОРИ ЗУБДАИ РЎДАКИШИНОСӢ
Абўабдуллоҳ Рўдакӣ ҳамчун бунёдгузори адабиёти
тоҷику форс на танҳо дар ватанаш Тоҷикистон, балки дар
ҳамаи кишварҳои форсизабон, ба хусус Эрон шўҳрати хеле
зиёд дорад. Дар бораи аҳволу осори ў донишмандони эронӣ
чандин осори гаронбаҳои илмӣ офаридаанд, ки асари устод
Саид Нафисӣ «Аҳволу ашъори Абўабдуллоҳ ибни Муҳаммад
Рўдакии Самарқандӣ» намунаи барҷастаи он буда, аз
муҳимтарин асарҳои ҷамъбастӣ дар рўдакишиносии олам
маҳсуб мешавад. Илова бар ин ба қалами днишмандони эронӣ
мақолоти зиёде таълиф шуда, дар нашрияҳои гуногун ба табъ
расидаанд, ки дастрасӣ ба баъзе аз онҳо ба хонандагон
душвор аст. Аз ин рў донишманд ва рўзноманигори шинохта
Алии Деҳбошӣ, ки ҳамчун сардабири маҷаллаи маъруфи «Бухоро»(қаблан бо унвони «Килк» чоп мешуд) ва мураттиби чандин маҷмўаҳои дастаҷамъӣ дар пешрафти илму фарҳанги форсизабонони олам саҳми шоиста мегузорад, бо назардошти ин зарурат ба гирдоварии он мақолот пардохта, таҳти унвони «Ёди ёри меҳрубон» ба табъ расондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор