Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале, мутаассифона, баъзе донишмандон дар ин шеър на ба оҳанг, балки ба мантиқ бештар таваҷҷўҳ намудаанд. Албатта, мантиқу маънӣ барои суруд ҳам зарур аст, вале дар баъзе мавридҳо чун дар байти мазкур оҳангу мусиқӣ нақши асосиро мебозанд ва мантиқ дар ҷои дувум қарор мегирад. Ё худ такрори бемаврид қубҳи шеър аст, вале дар суруд ҳусн буда, таъсири онро меафзояд.
Риёҳӣ суханро идома дода менависад, ки «такрори «бўйи» дар мисраи паёпай нохушоянд аст»(саҳ. 80), ки комилан дуруст аст. Зеро дар манбаъҳои дигар ба ҷои «бўйи» «ёди»
омадааст, ки саҳеҳ аст. Ҳамчунин дар ифодаи «бўйи ёри»
оҳанге, ки дар «бўйи Ҷўйи» ҳаст, халалдор шудааст, чунки дар мисраи дувум ҳам оҳанги мисраи аввал идома дорад ва ин оҳанг ва вожаи «ёри» маҳз «ёди»-ро тақозо менамояд. Яъне ҳар ду мисраъ комилан боҳам мувозиву ҳамоҳанганд. Инро таҳқиқи савтиёти онҳо ҳам ба субут мерасонад. Ҳар ду мисраи байт дорои 11 овози садонок - 6 дароз + 5 кўтоҳ мебошанд.
Миқдори овозҳои ҳамсадо низ тақрибан мусовӣ аст. Бешак ҳамин таносубу мувозанаи овозҳо яке аз омилҳои хушоҳангии байт гаштааст. Агар ба байт аз дидгоҳи қонуни симметрия нигарем, ба чунин натиҷа мерасем, ки мисраъҳо аз ин лиҳоз низ комилан ба ҳам созгоранд. Вазни мисраъҳо ҳам дар асоси симметрия қарор гирифта, дорои тақтеъҳо ва ҳиҷоҳои кўтоҳу дарози мусовӣ мебошад.
Риёҳӣ ба ҷои «бўйи ёри» сабт шудани «ёди ёри»-ро, ки Саид Нафисӣ ва Фурўзонфар пешниҳод кардаанд, намеписандад ва иддао дорад, ки «таркиби «омадани ёди ёр»
дар забони форсӣ ба кор нарафта ва фасеҳ нест»(саҳ. 80).
Шояд дар гўйиши имрўзаи форсӣ таъбири « ба ёд омадан»
истифода нашавад, вале дар забони тоҷикӣ ин ифодаи маъмулӣ ва мустаъмал аст. Дар ашъори гузаштагон низ ин таъбир фаровон аст. Дар ғазали Сайидо, ки бо мисраи «Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд» шурўъ мешавад, «омад ба ёд»
ҳамчун радиф дар ҳамаи байтҳо такрор мешавад.
Дар асоси матнҳои кўҳан, ки асосан сарчашмаҳои таърихианд, муаллифи мақола сурати саҳеҳи байтро чунин медонад :

Боди Ҷўйи Мавлиён ояд ҳаме,
Бўйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.

пешина
аз 625
навбатӣ