Равзанаи адаб

дар ҷавонӣ ба вуқуъ пайвастаст, ў як ҳодисаи фоҷиабори он рўзгор мешуморад :
Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд,
Марги чунон хоҷа на корест хурд.
Ҷони гиромӣ ба падар боздод,
Колбади тира ба модар супурд.
Они малак бо малакӣ рафт боз,
Зинда кунун шуд, ки ту гўйӣ бимурд.
Марсияи дигари Рўдакӣ дар вафоти шоири маъруфи ҳамзамонаш Шаҳиди Балхӣ суруда шудааст ва чунонки аз байти аввали он пайдост, марсия дар овони пирии шоир таълиф ёфта, Шаҳид низ умри зиёд дидааст :
Корвони Шаҳид рафт аз пеш
В-они мо рафта гиру меандеш.
Аксари муҳаққиқон марсияи зери Рўдакиро дар таслияти шахсе, ки яке аз наздиконро аз даст додааст, аз беҳтарин намунаҳои ашъори рисоӣ дар он даврон донистаанд:
Эй он ки ғамгиниву сазоворӣ
В-андар ниҳон сиришк ҳамеборӣ,
Аз баҳри он, куҷо набарам номаш, Тарсам расад-т андўҳу душворӣ!
Рафт он ки рафту омад он-к омад, Буд он чи буд, хира чӣ ғам дорӣ?
Ҳамвор кард хоҳӣ гетиро,
Гетист кай пазирад ҳамворӣ?!
Мо аз баҳс дар хусуси сабаби таълифи ин марсия , ки ҳанўз равшан нашудааст, худдорӣ намуда, фақат ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки марсияи мазкур дар ниҳояти соддагиву равонӣ ва самимияту дилсўзӣ суруда шуда, намоёнгари сабки маъмули он давра мебошад. Марсияи машҳури дигаре, ки аз шоирони асри Х боқӣ мондааст, ба қалами Абулаббос ибни Аббоси Рабанҷании Бухороӣ мансуб мебошад, ки дар вафоти Наср ибни Аҳмади Сомонӣ навишта шудааст. Дар ин марсия шоир таъзия ва андўҳи худро аз даргузашти Наср ибни Аҳмад иброз намуда, дар айни замон шодмонӣ ва таҳниятро аз ҷулуси амирзода Нўҳ ибни Наср ба тахти амирӣ баён мекунад:
Подшоҳе гузашт хубнажод, Подшоҳе нишаст фаррухзод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё