Равзанаи адаб

Бо ту чун зулфат чӣ хуш бошад шаб овардан ба рўз,
Кошки ин давлати бедор медидам ба хоб.
Ман талаб кардам висоли рўзу шаб,
Ёфтам инак ба ҳукми ман талаб.
Намунае чанд аз ин гуна иштибҳот:
Муғанниён(?), суханони Камол борик аст
Лек чун дар(?) ту меояд, зи дил ғам меравад.
Вале ҳар ҷо, ки шир нест(?) ғавғои магас бошад.
Ҳеҷ магўй, к-аз ту (?) рўй ба роҳ кардаам.
Гирди лаби ў бе сабабе нест басе холист(?).
Ор ояд дигар аз хилъати шохӣ мо(?)
Наққош ҳар сурате, ки (?) ангехт дар бутхонаҳо
Чун тавон, ки (?) ангуштарӣ дар рўз натвон бохтан34
Дар поёни сухан вазифаи худ медонем, ки аз ҷониби аҳли илму адаб ва кулли мардуми тоҷик ба донишманди гиромӣ Эраҷи Гулисурхӣ барои заҳмати фаровоне, ки дар таҳияи ин кори бузург кашидаанд; талошҳое, ки дар пайдо кардани нусхаҳои қадимии девони Камоли Хуҷандӣ варзидаанд; меҳнату машаққати сахте, ки дар таҳқиқи аҳволу осори шоир ва нусхаҳои девони ў кардаанд; кўшиши зиёде, ки дар нашри девон бо дастгирии ҷаноби Шеърдўст ба харҷ додаанд ва, ниҳоят, барои ихлосу садоқат ва самимияти зиёде, ки эшон ба мардуми тоҷик ва фарҳангу адаби он доранд ва ба ниятҳои неке, ки ба мардуми тоҷик ва таҳкими равобиту ҳамкории ҳамзабонону ҳамдилон изҳор намудаанд, арзи ташаккур ва сипоси фаровон намоем.
Ин чанд мулоҳизоте, ки аз мутолиаи девон пайдо шуд ва рўйи коғаз омад, ба ҳеҷ ваҷҳ арзиши кори муҳиммеро, ки фозили гиромӣ Эраҷи Гулисурхӣ анҷом додаанд, коҳиш намедиҳад ва фақат бо нияти такмили кори азиме, ки шурўъ кардаанд, баён мешавад ва умед аст, ки дар нашрҳои баъдинаи девони Камоли Хуҷандӣ матни боз ҳам мукаммалтару саҳеҳтари ашъори шоирро дар ихтиёр хоҳем дошт.
Соли 1996
1 Бо ҳамкории Бадриддин Мақсудов навишта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор