Равзанаи адаб

Вале аз муқоясаи матни чанд сафҳаи ду нусхаи мазкур, ки акси онҳо дар муқаддима оварда шудаанд, бармеояд, ки аломатҳо аз тарафи мураттиби девон гузошта шудаанд. Дар муқаддимаи Алии Домғонӣ 11 байт шеър нақл шудааст, ки ҳама бидуни ҳаракат мебошанд. Дар матни ашъори ҳошия низ аломатҳо ба назар намерасанд. Дар матни ду қасидаи аввали девони Камол низ аломате гузошта нашудааст. Ҳол он ки худи ҳамон матн дар чопи ҳозир дорои аломатҳои зиёд мебошад. Боиси тааҷҷуб аст, ки дар мавридҳои зарурӣ баъзан аломат гузошта нашудааст. Масалан, дар мисраъҳои зайл барои дуруст ва бесакта хондани матн гузоштани аломати ҳамза (барои ифодаи и, ӣ, е) лозим буд:
Чашми Камол аз талхӣ (?) ҳаҷри ту шуд гавҳарфишон.
Ақл гуфт: «Андеша (?) дур аст азми кўйи дўст».
Гуфта(?) ҷони ту бар хоки дари мост, Камол.
Ки ба ҳусн аз он чӣ будӣ, шуда (?) ҳазор чандон.
Чора (?) кас накунад ғамзаи хунхораи ту.
Қатра-қатра зи дарё, чу ба соҳил ойӣ
Албатта, на ҳамаи ин иштибоҳот бо айби мураттиби девон рўй додааст. Эҳтимол дорад, ки аксари нуқсонҳо натиҷаи шитобкории котибони нусхаҳо ва ноширон бошад. Бинобар ин гурўҳи дигари иштибоҳотро саҳвулқалами котибон ва нуқсонҳои чопӣ донистан мумкин аст. Мисраъи аввали байти зер нотамом буда, ибораи «ва лаъли»
ба мисраъи дуввум гузаштааст:
Нисори хоки он дар аз дурр
Ва лаъл биё, эй кони гавҳар то чӣ дорӣ.
Равшан аст, ки ин ҷо иштибоҳи котиб ё нуқси чопӣ аст. Вале дар поварақ ба ин ишора нашудааст. Дар ин гуна мавридҳо, ки дар матни девон кам нестанд, тавзеҳи мураттиб зарур аст. Ҳатто баъзе аз он нуқсонҳоро дар матн аз рўйи нусхаҳои дигар ислоҳ карда, ба он дар поварақ ишора намудан беҳтар буд. Масалан, дар аввали ғазали шумораи 51 байте аз ғазали дигар омадааст, ки бо байтҳои баъдӣ ҳеҷ умумияте надорад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор