Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шиносномаи судманди адабӣ

Адабиёт ва фарҳанги бостонии эрониён ва тоҷикон, ки аз як сарчашмаи бузург об мехўрад, аз дидгоҳи таҳқиқӣ ду шохаи рўдхонаи бузургеро мемонад, ки бар асари ҳаводиси рўзгор аз ҳам ҷудо гашта, вале ҳеҷ гоҳ бегонаву дур аз якдигар набудаанд ва робитаҳои худро ба василаи ҷўю наҳрҳо нигоҳ доштаанд. Он садди ҷудоиафкане, ки дар асри
16 тавассути сиёсатҳои мазҳабии давлатҳои сафавиву шайбонӣ пайрезӣ шуда, дар ибтидои қарни 20 бар асари ҳаводиси сиёсиву иҷтимоӣ ва ба рўи кор омадани абарқудратҳои тоза истеҳком ёфта буд, пас аз гусехта шудани низоми сиёсии шўравӣ рахна пайдо кард ва мўҷиби наздикии он шохаҳои адабиву фарҳангӣ гардид.
Дар солҳои охир барои устувортар гардидани равобити адабиву ҳунарӣ ва илмиву фарҳангии Эрону Тоҷикистон корҳои зиёде сурат гирифтааст, ки бегумон яке аз муҳимтарини онҳо нашри «Донишномаи адаби форсӣ» мебошад, ки Муассисаи фарҳангиву интишоротии Донишнома бо ҳамкориву муованати умури фарҳангии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон зери сарпарастии донишманди варзида Ҳасани Анўша ба амал омадааст.
Ҷилди аввали ин китоби бузург, ки беш аз ҳазор сафҳаро дар бар мегирад, ба адабиёту фарҳанги форсизабонони Осиёи Марказӣ, яъне тоҷикон бахшида шудааст. Дар анҷоми ин кори бисёр тавонфарсо ҳайати калоне аз муаллифон шомили 55 донишманди эронӣ, покистонӣ ва тоҷикистонӣ ширкат варзидаанд.
Дар пешгуфтори Донишнома аз саргузашти забони форсии дарӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр, аз густариши васеи ҷуғрофии ин забон дар асрҳои гузашта, ки кишварҳои зиёдеро фаро мегирифт, аз сахтиҳову мушкилот, пастиву баландиҳо, гармиву сардиҳое, ки дар тўли беш аз ҳазор сол ин забони шеъру ирфон, илму фарҳанги Аҷам аз сар гузаронидааст, аз дуриву ҷудоиҳое, ки мардумони форсизабон бар асари марзбандиҳои сисӣ ба вуҷуд омадааст, сухан меравад. Аз ҷумла дар он аҳамияту арзиш ва мақоми волои забони форсии дарӣ таъкид шудааст, ки воқеан «пас аз забони арабӣ дуввумин забони фарҳангии ҷаҳони ислом аст ва пас аз забони арабӣ ба ҳеҷ забоне ба андозаи забони форсӣ китоб навишта нашудааст» (саҳ. 11). Бо ин забон шоҳкориҳои назму наср амсоли «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Донишнома»-и Ибни Сино, «Гулистон»-у «Бўстон»-и Саъдӣ, «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ, «Аттафиҳим»-и Абўрайҳони Берунӣ, Рубоиёти Умари Хайём, Ғазалиёти Ҳофиз, «Хамса»-и Низомӣ, «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ, «Маснавии маънавӣ»-ю «Девони Шамси Табрезӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ, «Ирфон»-и Бедил, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва даҳҳо осори безаволи дигар офарида шудаанд, ки ганҷинаи илму адаби ҷаҳониро ғанӣ гардонидаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ