Равзанаи адаб

Дарвоқеъ «забони дарӣ мероси муштараки камобеш сад миллион мардумест, ки имрўз дар канораҳои бохтарии Эрон то Хуталону дурдастҳои Бадахшон бад-он сухан мегўянд» (саҳ 17). Бинобар ин вақти он расидааст, ки иртиботи соҳибони ин забон ва адабиёту фарҳанги онон беш аз пеш қавитар гардад, то битавонанд аз дастовардҳои ҳамдигар барои пешрафти фарҳанги бостонии муштарак бештар баҳраманд шаванд. Дар ин замина ҳамкории илмиву фарҳангии донишмандону адибони кишварҳои форсизабон, нашри осори гузаштаву имрўза, бахусус таҳияву интишори осори ҷомеъ ва доиратулмаорифҳои муштарак хеле судманданд, ки «Донишномаи адаби форсӣ» намунаи барҷастаи онҳост.
То ҷое, ки нигорандаи ин сатрҳо медонад, «Донишномаи адаби форсӣ» аввалин иқдом дар Эрон барои эҷоди як асари ҷомеъ дар бораи адаби форсӣ аз замонҳои дур то имрўз дар яке аз ҳавзаҳои асосии фарҳанги Эронзамини бостонӣ мебошад. Мафҳуми «адаб» дар ин китоб ба маънии васеъ истифода шуда, ҷанбаҳои гуногуни фарҳанг ва қабл аз ҳама адабиётро фаро мегирад.
Аз пешинаи таърихӣ бармеояд, ки фарҳанги мардумони эронинажод аз замонҳои қадим то қарни 16 муштарак буда, роҷеъ ба фарҳангу осори адабӣ ва адибони ин давраи тўлонӣ таҳқиқоти зиёде анҷом гирифта, дар ин замина доиратулмаорифҳои гуногун маълумоти фаровон медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин муаллифон ва мураттибони "Донишномаи адаби форсӣ" аз онҳо сарфи назар накардаанд, ки дуруст ва мантиқӣ ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки дар "Донишнома" дар хусуси Авастову муҳтавиёти он, қаҳрамонони асотири қадим, ёдгориҳои Эрони бостон, муҳимтарин падидаҳои фарҳангии асрҳои миёна, сабкҳои адабӣ, адибону донишмандони маъруфи қарнҳои 10-15, ки дар Хуросону Мовароуннаҳр зиндагӣ карда осоре падид овардаанд ва масоили дигари марбут ба адабиёту фарҳанги он даврон ба қалам омадааст.
Мақолоте, ки ба адабиёту фарҳанги қарнҳои 17-20 бахшида шудаанд, шомили арзишҳои баланду хос мебошанд. Зеро адабиёти ин давраи Хуросону Мовароуннаҳр, ки чун шохае ҷудогона бар густураи фарҳанги Эронзамин ва албатта, бо масире хос идома ёфта, таваҷҷўҳи ховаршиносону эроншиносонро камтар ба худ ҷалб намудааст ва маълумот роҷеъ ба ин давра хеле кам аст. Вале хушбахтона, донишмандони Тоҷикистон ба адабиёту фарҳанги давраи мазкур дар чил соли охир таваҷҷўҳи зиёд карда, таҳқиқоти фаровон намуда, осори ҷолиби илмӣ офаридаанд.
Аз ҷумлаи ин осори арзишманд "Энсиклопедияи советии тоҷик"
дар ҳашт ҷилд ва "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик"-ро бояд ном бурд, ки дар се муҷаллад фароҳам омада ва то кунун ду ҷилди он интишор ёфтааст ва фишурдаи таҳқиқоти донишмадони тоҷикро фаро мегирад ва боиси хушҳолист, ки муаллифони "Донишнома" аз ин китобҳои ҷомеъ ва осори дигари донишмандони тоҷик хеле хуб истифода кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор