Равзанаи адаб

Қобили таваҷҷўҳ аст, ки дар Донишнома илова бар адибони шинохтаи муосири тоҷик як зумра адибони ҷавоне, ки аввалан самараи илҳомоти худро чоп кардаанд ва ба қавле навниҳолони боғи адабиёт мебошанд, ҷой дода шудаанд. Шояд аз байни ин навниҳолон дарахтони пурсамар ба вуҷуд оянд. Вале алҳол ба ҷои онҳо адибонеро, ки чандин маҷмўаи осор чоп кардаанд ва зикрашон рафт, ҷой додан беҳтар буд.
Дар "Донишнома" шарҳи ҳоли яу гурўҳ адабиётшиносону сухансанҷоне, ки дар таҳқиқи адабиёт, забон, фарҳанги форсу тоҷик саҳми бузург гузоштаанд, оварда шудааст. Вале шояд ба сабаби дар дастрас набудани маводи шарҳиҳолӣ гурўҳи дигаре, ки саҳми онҳо низ кам нест, вориди Донишнома нашудаанд, ки асомии чанде аз онҳоро зикр менамоем: Т. Неъматзода, М. Қосимова, Б. Камолиддинов, У.
Каримов, Т. Хаскашев, С. Саъдиев, С. Имронов, Қурбон Восеъ, У.
Тоҳиров, Рўзӣ Аҳмадов, С. Ҳалимов, М. Муҳаммадиев, Б. Сиёев, А.
Мирзоев, Р. Обидов, М. Аҳмадов, Н. Сайфиев, А. Алимардонов, А.
Ҷонфидо, Ҷ. Додалишоев, Шокир Мухтор, Сафар Сулаймонӣ, М.
Файзов ва дигарон.
Дар "Донишнома" ҳамчунин ному нишони як идда аз ховаршиносони маъруфи русу шўравӣ, ки дар таҳқиқи фарҳанги мардуми тоҷик ва умуман эрониён заҳмати зиёде кашидаанд, ворид гардидааст. Вале гурўҳе аз эроншиносони шинохта аз қабили Д.
Комиссаров, З. Ворожейкина, В.Б. Никитина, А. Тоҳирҷонов, Н.И.Пригарина, Ҷ. Дуррӣ аз ёд рафтаанд.
Ба назари мо хуб мешуд, ки дар нашрҳои ояндаи Донишнома оид ба сафарнома чун як навъи роиҷи адабӣ, матншиносӣ, ки аз соҳаҳои пешрафтаи илми тоҷик аст, шарҳнависӣ ва ҳунари хаттотӣ, ки дар Осиёи Миёна таъриху суннатҳои ғанӣ доранд, мақолаҳои ҷудогона бахшида шаванд.
Дар пешгуфтори "Донишнома", он ҷо ки дар хусуси пайдоиш ва интишори забони форсӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр сухан рафтааст, изҳори назар шудааст, ки забони форсиро ба ин ҷо арабҳо тавассути маволии форс овардаанд. Бояд гуфт, ки ин андешаи носаҳеҳро эроншиносони аврупоӣ баён карда буданд, ки донишмандони маъруф Маликушшуаро Баҳор, Саид Нафисӣ, А. Мирзоев, Е. Бертелс, А.
Болдирев бо далелҳои қотеъ рад карда буданд ва дар ин ҷо такрори он сухан ба дарозо хоҳад кашонид. Бо ин ҳол нуктаеро бояд тазаккур дод, ки забони форсии дарӣ то вуҷуди арабҳо ба Хуросону Мовароуннаҳр дар ин хитта вуҷуд доштааст. Далелҳои зиёди таърихӣ ба он шаҳодат медиҳанд, ки ишора ба шеъри маъруфи мардуми Балх дар истеҳзои истилогарони араб пас аз шикаст дар Хатлон кофист.
Дар корбурди истилоҳоти бадеъ, арўз, қофия, маонӣ, баён ва амсоли нҳо миёни гўишҳои форсии Эрон ва тоҷикии Осиёи Марказӣ тафовуте ба назар намерасад. Вале чунин ҳамгуниву ҳамсонӣ дар истилоҳоти забоншиносӣ камтар мушоҳида мешавад. Бинобар ин дар "Донишнома" ба тарзи татбиқиву қиёсӣ шарҳ додани истилоҳоти мутафовити забоншиносӣ беҳтар буд. Масалан бун (асос), буни мозӣ (асоси замони гузашта), сомит (ҳамсадо), мусавват (садонок), замир (ҷонишин).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор