Равзанаи адаб

- Адибони асри 20: Аҳмадшо Маҳмадшо, Аҳмадҷон Раҳматзод, Асадулло Саъдулло, Юсуф Аҳмадзода, Акбар Абдулло, Одина Мирак, Одина Азимӣ, Ҳоҷӣ Мурод, Равшан Ёрмуҳаммад, Раҳмон Сафар, Ҳайрат Шанбезода, Озарахш, Саттор Шокирзода, Салими Хатлонӣ, Зариф Ибод, Раъногул Хоҷаева, Неъмат Додобоев, Абдулғаффор Партав, Баҳром Шермуҳаммадов, Ҷумъабой Азизқулов, Маъруф Раҷабӣ, Азим Аминов, Усмон Назир, Мансур Сурўш, Абдуманнон Насриддин, Аламхон Кучаров, Муҳиб Қурбон, Назри Яздон, Холмурод Шарифов, Усмон Олим, Олимхон Исматӣ, Маҳкам Пўлод, Шодӣ Солеҳ, Саид Абдулло, Абдулвайс Азиз, Ато Мирхоҷа, Абдулқодир Раҳим, Ҳабиб Имодӣ, Ғайрат Ҳаким, Усмон Шарифзода, Латофат, Меҳринисо, Маҷид Салим, Насим Раҷаб, Ҳабибулло Нозирӣ, Муҳаммад Субҳон, Субҳон Тўйғун, Хосият Вализода, Файз Сафар, Нуруллоҳ Абдуллоҳ, Нурулло Тиллозода, Азизи Азиз, Сайидаҳмади Зардон…
Илова бар ин дар бораи баъзе адибон шарҳи хеле кам дода шудааст. Масалан роҷеъ ба Имлои Бухороӣ ба зикри он иктифо шудааст, ки аз ў панҷ нусхаи девон дар Пажўҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Ўзбакистон, як нусха дар Пажўҳишгоҳи ховаршиносии Петербург маҳфуз аст. Вале аз нусхаҳои хеле зиёди девони ў, ки дар китобхонаҳои Тоҷикистон мавҷуд аст, ёд нашудааст. Дар бораи аҳволу осори шоир маълумоти дигаре сабт наёфтааст.
Дар таъйини мансубияти адибон низ баъзе норасоиҳо ба назар мерасад. Масалан Муҳаммадҷон Васфӣ дар Бухоро зода шуда дар Тошканд зиндагӣ кардааст, аммо дар "Донишнома" тоҷикистонӣ ба қалам дода шудааст. Азбаски имрўз шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва Тошканд дар қаламрави Ўзбекистон мебошанд, дар ин маврид «тоҷик»
номидани адиби ёдшуда беҳтар ва саҳеҳтар буд. Мисли ҳамин Бону Ҳоҷиева, Бердӣ Ҳамроев зодаву парваридаи Самарқанд буда, дар Тоҷикистон зиндагӣ накардаанд, тоҷиканд, на тоҷикистонӣ. Ё худ дар зимни шарҳи ҳоли Хумулии Сармақандӣ дарҷ шудааст: «Шоири тоҷик.
Дар асл ўзбак буд» (саҳ. 373). Ба назари мо дар ин маврид шоири зуллисонайни ўзбак номидан беҳтар буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор