Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

қисмати умдаи девони ўро ҳаҷвия ташкил медиҳад, худро бо ў қиёс мекунад :

Ман он касам, ки чу кардам ба ҳаҷв гуфтан рой
Ҳазор Мунҷик андар барам надорад пой.

Худи Мунҷик ҳам ба фаровонии ҳаҷвияҳояш дар зимни қитъае ишора кардааст :
Аз одам андарун зи таборат касе намонд,
К-ўро ҳиҷо накардаст Мунҷик ном – ном.

Вале аз ҳаҷвияҳои фаровони шоир асосан абёти пароканда боқӣ мондаанд. Танҳо як қитъа аз лиҳози мазмун комил ба назар мерасад, ки дар он шоир бо услуби аҷибе хоҷаро ба саг монанд карда, мавриди ҳаҷв қарор додааст :
Эй хоҷа, мар - маро ба ҳиҷо қасди ту набуд, Ҷуз табъи хешро ба ту - бар кардам озмун:
Чун теғи неккуш ба саге озмун кунанд В-он саг бувад ба қимати он теғ раҳнамун.

Абёти парокандаи ҳаҷвии Мунҷик ҳама ҷанбаи шахсӣ дошта, мазаммати ҷиҳатҳои зоҳириву хислатҳои фардии ашхосро дар бар мегиранд. Масалан, дар байти зайл чашму лаби шахсе мавриди ҳаҷв қарор гирифтааст :

Чашм чун хонаи ғук об гирифта ҳама сол, Лафч чун мўзаи хоҷа Ҳасани Исо каҷ. Дар абёти дигар рўйи пурриш, чашми бешарми шахсе, пушту қафои раиси аҳмақи ғарча ва амсоли инҳо ҳаҷв шудаанд. Баъзан дар абёти шоир ҳаҷви ҳокимон ба назар мерасад, вале ҷанбаи иҷтимоии он хеле заиф буда, бештар хислатҳои шахсии онҳоро дар бар мегирад:

Се ҳокиманд ин ҷо чун ғула ҳама дузд,
Майхораю занбораю малъуну хасисанд.

Дар як такбайт Мунҷик ба таззоди зоҳирии шахсе ишора намудааст :

Чаро-т риш дароз омадасту боло паст,
Маҳол бошад боло чунону риш чунин.

пешина
аз 625
навбатӣ