Равзанаи адаб

Ба назари мо ҳар ду тавзеҳ саҳеҳ набуда, "қўрғон вожаи туркист, ки маънии қалъа, ҳисор,
55 истеҳкомро дорад. Ин калима дар таркиби як гурўҳ номҳои ҷуғрофӣ амсоли Қўрғонтеппа (қалъаи воқеъ дар баландӣ), Тошқўрғон (қалъаи сангин), Янгиқўрғон (қалъаи нав), Ҷарқўрғон (қалъаи воқеъ дар назди варта) ҷой гирифтааст.
Дар саҳифаҳои охири сафарнома дар чанд маврид ибораи "майда самалут" истифода шудааст, ки шояд онро муаллифон аз забони ашхоси ғайритоҷик шунидаанд ва он ибораи тоҷикӣ нест. Зеро ҳарчанд майда калимаи тоҷикист, вале тарзи иборасозӣ ўзбекӣ мебошад. Шакли тоҷикии ибораи мазкур "ҳавопаймои хурд ё майда" мебошад.
Дар сафарнома чандин нақшаву ҷадвал ва феҳрасти ному муаррифии машҳуртарин хонҳои ўзбаки шайбонӣ, аштархонӣ ва манғит оварда шудаанд, ки барои шинохти беҳтару амиқтари Мовароуннаҳр мадад мерасонанд.
Ба таври куллӣ китоб аз зумраи марғубтарину пурарзиштарин сафарномаҳост, ки барои шиносоии беҳтару бештари вазъи кунунӣ ва таърихии Мовароуннаҳр ба хонандаи эронӣ хидмати шоистае ба ҷой меорад ва бешубҳа саҳми бузургест дар таҳкими робитаҳои фарҳангии Эрон бо кишварҳои Осиёи Миёна ва тарҷумаву нашри он ба забонҳои дигар низ аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
- шарҳ ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор