Равзанаи адаб

Шарҳи ҳоли Мирзо Муллоаҳмад
Мирзо Муллоаҳмад аз соли 1969 то имрўз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Дар ин муддат ў дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурд ва калони илмӣ, мудири бахш, мудири Шўъба ва муовини директори институт оид ба корҳои илмӣ, сипас сардори Шўъбаи созмондиҳии илми Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Ў доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адабиётшинос ва эроншиноси шинохта буда, перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон, таърих ва фарҳанги тоҷику форс ва Шарқ, роҷеъ ба адибони қарнҳои мухталиф тадқиқот анҷом додааст.
Доираи фаъолияти илмии Мирзо Муллоаҳмад васеъ буда, таърихи адабиёти тоҷику форсро аз замонҳои қадим то имрўз, адабиёти Эрон ва Шарқ, таърихи илму фарҳанги кишварҳои Шарқ, масъалаҳои забоншиносӣ ва робитаи адабиву фарҳангии Тоҷикистон ва кишварҳои Шарқи хориҷӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Ў аз мутахассисони шинохтаи таърихи адабиёти тоҷику форс буда, асарҳои илмиаш дар шаҳрҳои Маскав, Вашингтон, Теҳрон, Боку, Машҳад ва амсоли инҳо низ чоп шудаанд. Ў яке аз муаллифони нашри академии "Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои ХІХ -ХХ"(Маскав, "Наука", 1999, 535 с.) мебошад. Китобҳои ў «Ёди ёри меҳрубон»(Теҳрон,2001,845с.), «Хубони порсигўй»
(Теҳрон, 2003), «Андарзҳои Рўдакӣ»(Теҳрон, 2008), «Садои Осиё»(2011) хонандагони эрониро бо осори шоирони тоҷик шинос менамоянд. Дар нашриётҳои муътабари Эрон инчунин асарҳои илмии ў «Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома»(2005), «Рўдакӣ ва суханварони ҳамрўзгори ў (2008, бо ҳаммуаллифӣ), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем»(2010), «Пиромуни Рўдакӣ ва рўдакишиносон»(2014), «Сайре дар олами эроншиносӣ»(2014) нашр шудаанд.
Асарҳои илмии ў «Фаррухии Систонӣ» (1978),«Нишот ва Миҷмар»( 1983), «Лирикаи Адибулмамолики Амирӣ»(1985),«Фурўғии Бастомӣ ва ғазалиёти ў» (1967),«Қоонии Шерозӣ»(1992), «Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт»(2008) дар нашриёти «Дониш», «Инсон.Адабиёт.
Фарҳанг.» (1993), «Рўдакӣ ва рўдакишиносон»(2012) дар нашриёти «Адиб»,«Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003), «Дар олами эроншиносӣ» (2005), «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» (2011) дар нашриёти «Диваштич», «Бузургдошти инсони нек»(2011) дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ва ғайра ба табъ расидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор