Равзанаи адаб

Шеъри ўро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор, Ҳам фузун ояд агар, чунон ки бояд бишмарӣ.
1 Ҳарчанд дар шарҳу тавзеҳи шеъри мазкур миёни муҳаққиқон ихтилофи назар мавҷуд аст ва гурўҳе миқдори ашъори Рўдакиро 1300 ҳазор байт, гурўҳи дигар 700 ҳазор байт, баъзеҳо 500 ҳазор байт ё 300 ҳазор байт донистаанд, вале мусаллам аст, ки устод Рўдакӣ осори хеле фаровоне офаридааст. Мутаассифона, ин осори ниҳоят ғанӣ бар асари ҳодисаҳои нохуши рўзгор ва ба хусус тороҷгариҳои чингизиён нобуд гардида, танҳо миқдори хеле каме аз он то имрўз боқӣ мондааст, ки ба ҳукми қатрае аз баҳр аст. Ин қатраи баҳри осори Рўдакӣ ҳам самараи ранҷу заҳматҳои зиёди донишмандони кишварҳои гуногуни олам аст, ки аз фарҳангу тазкираҳо, ҷунгу баёзҳо ва кўҳнакитобҳои мухталиф зарра-зарра ҷамъ овардаанд.
Яке аз аввалин донишмандоне, ки ба гирдоварии ашъори Рўдакӣ кўшиш ба харҷ додаст, Ҳасани Розӣ ибни Лутфуллоҳи Теҳронӣ будааст, ки соли 1616 аз китобхонаҳои гуногун осори парешони шоирро ҷамъ оварда, бо девони Қатрон муқоиса кардааст. Пас аз чанд қарн ин иқдомро донишманди дигари эронӣ Ризоқулихони Ҳидоят идома дода, дар тазкираи маъруфи худ «Маҷмаъулфусаҳо» бори дигар девони Қатрон будани китоби маҷъули «Девони Рўдакӣ»-ро таъкид менамояд ва ба ҷудо кардани ашъори аслии устоди шоирон мепардозад.
Дар шарқшиносии Ғарб таваҷҷўҳ ба осори Рўдакӣ аз қарни ХІХ шурўъ шудааст. Аввалин иқдоми ҷиддиро дар ҷамъовариву тасҳеҳи ашъори шоир эроншиноси маъруфи олмонӣ Ҳерман Эте гузоштааст. Ў аз сарчашмаҳои зиёд 238 байти Рўдакиро ҷамъ оварда, бо тарҷумаи олмонӣ соли 1873 ба табъ расонд. Ин иқдомро ховаршиносони дигар идома доданд. Аз ҷумла эроншиноси англис Денисон Росс дар ҷудо кардани ашъори Қатрон аз девони маҷъули Рўдакӣ саҳми калон гузоштааст. Ў нусхаҳои гуногуни девони Рўдакиро, ки соли 1897 дар Теҳрон чоп ҳам шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулосае меояд, ки он девони маҷъул буда, аксари ашъораш ба Қатрон тааллуқ дорад. Дар мақолаҳои «Рўдакӣ ва Рўдакии маҷъул», «Як қасидаи Рўдакӣ» сабаб ва омилҳои ба вуҷуд омадани девони мазкурро нишон дода, дар айни замон ба Рўдакӣ мансуб будани қасидаи «Модари май» ва як зумра шеърҳои дигарро ба субут мерасонад. Донишманди олмонӣ Паул Ҳорн «Луғати фурс»-и Асадии Тўсиро мавриди баррасӣ қарор дода, абёти парокандаи Рўдакиро аз он ҷамъ меорад ва бори аввал ба маснавиҳои «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома» мансуб будани онҳоро таъкид менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё