Равзанаи адаб

Хушгузаронии умр
Дар адабиёти китобӣ ва шифоҳии мардумони эронитабор аз замонҳои қадим то имрўз муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти моддиву маънавӣ ва ба хусус рўҳияву ормон ва орзуву омоли онон чун дар оина бозтоб ёфтааст. Беваҷҳ нест, ки «Авесто»-ро қомуси даврони бостон ва Худойномаву андарзномаҳои паҳлавиро маромномаи ахлоқии онҳо дар он замон маҳсуб медонанд. Осори бунёдгузори адабиёти тоҷику форс устод Абўабдуллоҳ Рўдакиро низ метавон оинаи тамомнамои рўзгору руҳияи мардуми аҳди Сомониён донист.
Хушгузаронии умр, шодиву тараб, лазатгирӣ аз мавзўъҳои асосии осори боқимондаи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ мебошанд. Бозтоби ин масъалаҳоро метавон дар анвоъи мухталифи ашъори ў мушоҳида кард. Бо вуҷуди он ки роҷеъ ба осору афкори Рўдакӣ таҳқиқоти зиёде анҷом ёфтааст, масъалаҳои мазкур ҳанўз ба таври ҷудогона ва амиқ мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд.
Аз намунаҳои хеле ками ашъори бозмондаи Рўдакӣ низ метавон аз рўҳияи кулливу умумии офаридаҳои ў пай бурд, ки шодиву нишот ва хушгузаронии умр аз он ҷумла аст. Тавре ки ховаршиноси англис Чарлз Пикеринг дуруст мушоҳида кардааст, Рўдакӣ «падари шеъри Эрон ва ташкилдиҳандаи рўҳи шеъри Эрон шумурда мешавад». Ҳарчанд дар ин бора мухаққиқони дигар амсоли Шиблии Нуъмонӣ, А.Кримский, Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, А.Мирзоев, Х. Мирзозода, Абдулҳусайни Зарринкўб, М.Ёҳаққӣ, Ғуломалии Ғайрат ишораҳо кардаанд, вале ин масъала ҳанўз мавриди таҳқиқи амиқу ҳарҷониба қарор нагирифтааст.
Дарвоқеъ рўхияи хушбинонае, ки дар шеъри тоҷикиву форсӣ ғолиб аст, аз шеъри ҳаётдўстонаи Рўдакӣ маншаъ мегирад. Ў бо чунин ашъори худ рўҳияи некбинӣ ва шодиву тарабро дар шеър устувор намуд. Бозтоби ин рўҳия ва ба яке аз мавзўоти асосии ашъори шоир табдил ёфтани хушгузаронии умр бесабаб нест ва ба омилҳои зиёде бастагӣ дорад. Қабл аз ҳама решаи рўҳияи мазкурро бояд аз шахсияти худи шоир ҷуст. Тавре ки аз ашъори Рўдакӣ бармеояд, ў ҷавони зебову хушқад, рўяш зебо ба сони дебо, мўяш сиёҳ мисли қатрон, ҳамеша шод ва аз ғаму ташвишҳои зиндагӣ дур, сурудгўёну ҳазордастон будааст. Ў на танҳо зоҳиран, балки ботинан низ зебову шодон ва дилаш мисли хазинаи пурганҷ ва саршори меҳру ашъори тарабангез буд. Дар ин бора дар қасидаи фалсафиву шарҳиҳолии худ, ки ба унвони «Шикоят аз пирӣ»
маъруф аст, хеле равшан сухан рондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё