Равзанаи адаб

Худи шоир низ борҳо аз сарвату амволи зиёди худ ёд карда, ҳамаи онҳоро аз неъмати давлати Сомониён медонад:
Имрўз ба иқболи ту, эй мири Хуросон,
Ҳам неъмату ҳам рўйи наку дорам васнод.
Рўзгори Рўдакӣ дар боргоҳи Сомониён хеле хуш бо шодиву тараб мегузашт. Ў баробари вазирону мансабдорони дарбор мақому эътибор дошт:
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон,
Чунон ки ҷоҳи манн афзун буд аз амиру мулук.
Табиист, ки дар чунин муҳити гуворои иҷтимоиву сиёсӣ Рўдакӣ бо шодиву тараб ва хушҳолӣ рўз мегузаронд ва аз ғаму ғусса дур буд, ки ин ба офаридаҳои ў низ асар мегузорад:
Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад,
Дилам нишоту тарабро фарох майдон буд.
Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.
Аз ин ҷост, ки иддае аз ашъори бозмондаи Рўдакӣ саршори эҳсоси шодивву тараб буда, дар онҳо гарде аз ғаму ғусса ба назар намерасад. Албатта, ҳоло ба сабаби дастрас набудани девони Р. ва нусхаҳои қадимии осори шоир муайян кардани таърихи суруда шудани аксари шеърҳо ғайриимкон аст. Вале метавон ҳадс зад, ки шеърҳои мазкури дорои эҳсоси шодиву тараб маҳз дар давраи аввали зиндагии шоир эҷод шудаанд. Ҳоло чанд намунаи дигарро аз ҳамин гуна сурудаҳои шоир аз назар мегузаронем, то омилҳои дигари эҳсосоти мазкур дар осори шоир ошкор гардад.
Дар аксари ашъори бозмондаи Рўдакӣ қаҳрамони ғиноӣ, ки ғолибан бо худи шоир айният дорад, инсони озодаву қавирўҳ ва шодкому муваффақ аст. Ў ба яъсу навмедӣ роҳ намедиҳад, мутеъу сустирода нест, ҳамеша майл ба хушгузаронии умр дорад ва ҳар лаҳзаро ғанимат мешуморад.
Худшиносову худогоҳӣ ба шахсияти ў хос аст, мақому манзалати худро дар олами ҳастӣ медонад, тан ба қазову қадар намедиҳад ва инону ихтиёри замонро ба даст мегирад. Ў савори аспи замонаст ва онро ба самти дилхоҳи хеш меронад:
Замона аспу ту ройиз, ба ройи хешат тоз,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё