Мунтахаби девон

Ҷафо кун бо ман, оре, то тавонӣ,
Ту ҳамчун рӯзгор, оре, ҷафо кун!
Ба ранҷам аз ту, ранҷамро шифо бош,
Ба дардам аз ту, дардамро даво кун!
Чу дар ишқи ту сахт афтод корам,
Ту низ ин роҳи бераҳмӣ раҳо кун!
Эй бути Яғмо, дилам яғмо макун, Шодмон ҷони маро шайдо макун.
Рӯи хуб аз чашми ман пайдо мадор,
Рози пинҳони маро пайдо макун.
Мулки зебоӣ мусаллам шуд туро,
Шукри онро боз нозебо макун.
Дар сари кибру ҷафо ҳар соате
Бо чу ман савдоие сафро макун.
Бидҳам, ар имрӯз ҷон хоҳӣ зи ман,
Чун ба анҷоми манӣ, фардо макун!
Зи ман ҳуҷраи хеш пинҳон макун,
Ҷаҳон бар дили ман чу зиндон макун.
Саломе, ки мегуфтаӣ то кунун,
Агар бештар нест, кам з-он макун.
Агар дар дили ту мусулмонӣ аст,
Пас, оҳанги хуни мусулмон макун!
Сухан бозгирӣ зи чокар ҳаме,
Макун ҷон, макун ҷон, макун ҷон, макун!
Рӯи хуби хешро пинҳон макун,
Дил ба дасти туст, қасди ҷон макун.
Ҳуҷраи бедод ободон махоҳ,
Хонаи сабри маро вайрон макун.
Яғмо – ноҳияе дар Туркистони қадим, ки дилбарни зебо доштааст; бути Яғмо – дилбари зебо.
Агар гапи мани бандаатро бигирӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо