Мунтахаби девон

ДАР ҲИҶО
Гар андак силате бахшад амират,
Аз ӯ бистон, к-аз ӯ бисёр бошад.
Атои ӯ бувад чун хатна кардан,
Ки андар умр худ як бор бошад!
Дуогӯ аспаке дорад, ки ҳар рӯз
Зи баҳри коҳ то шаб мехӯрушад.
Ғазал мегӯяму дар вай нагирад,
Дубайтӣ низ камтар мениюшад.
Таваққуъ дорад аз истабли махдум,
Ки ӯро кӯлворе коҳ нӯшад.
В-агар каҳ нест дар истабли махдум,
Дар ин ҳамсоя шахсе мефурӯшад!
ДАР БАЛАНДИИ ҲИММАТИ ХУД ГӮЯД
Ману ин нафс, ки бо қаҳбаи раънои ҷаҳон
Чун хасон ишқ набозам на ба саҳву на ба амд.
Қудрати додан агар нест маро, боке нест
Ҳиммати носитадан ҳаст ва лиллоҳилҳамд!
ҚОЗӢ ҲАМИДДУДИН АЗ АНВАРӢ САВОЛ КУНАД
Авҳадуддин, ки дар саволу ҷавоб
Бидиҳад доди илму бистонад,
Ба бузургӣ ҷавоби ин фатво
Бикунад, чун ба фазл бархонад:
«Он, ки донад, ки ҳоли олам чист,
Пас тавонад, к-аз он бигардонад.
Ҳам бар он гар бимонад, аз чи сабаб?
Ақл ин ҷо ҳаме фурӯ монад!»
Истабл – аспхона, саисхона.
Қаҳба – аҷӯза; фоҳиша.
На ба саҳву на ба амд – на ба хатову на қасдан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо