Мунтахаби девон

Дасти табъаш ба риштаи шабу рӯз
Баст бар гӯшу гардани маҳу сол.
Ӯст, к-аз хотири чу оташ тез
Шеър ронад ҳаме чу оби зулол,
Хотири ман, ки гӯй бирбояд
Ба кифоят зи ҷодуи муҳтол,
Чун бидид он сухан, пушаймон гашт
Аз ҳама гуфтаҳо – савобу муҳол!
Эй мусаллам ба нукта дар ашъор
В-эй муқаддам ба базла дар амсол,
Табъи покат чу бар савол ҷавоб,
Ваҳми тезат чу бар ҷавоб савол.
То занад дасти офтоби сипеҳр
Об арзи ҷанубу арзи шимол,
Офтоби шиору шеъри туро
Бар сипеҳри бақо мабод завол!
ДАР МУТОИБА
То нишасти хоҷа дар гулшан бувад,
Шояд, ар эмин набошад аз аҷал;
Ӯ ҷуалромонад аз сурат мудом
В-онгаҳе ҳоли ҷуал бин дар масал,
К-аз насими гул бимирад дарзамон,
Чун ба гулбарг-андарун афтад ҷуал!
ДАР БАЁНИ ҲОЛИ ХУД
Хотире чун оташам ҳасту забоне ҳамчу об,
Фикрате тезу закое рому табъе бехалал.
Эй дареғо, нест мамдӯҳе сазовори мадеҳ
В-эй дареғо нест маъшуқе сазовори ғазал!
Ҷуал – гамбусак.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо