Мунтахаби девон

Ҳолӣ ар дорад, ба тое чанд беҳ ё носара
Дастгир ояд маро – иммо ато, иммо ба вом.
Аз сари густохие рафт ин сухан бо он бузург,
То бад-ин беҳудагӣ маъзур дорад, вассалом.
ҚОЗӢ ҲАМИДУДДИН ДАР МАДҲИ
ҲАКИМ ГУФТАВУ БАД-Ӯ ФИРИСТОДА
Авҳадуддин Анварӣ, эй ман муриди табъи ту
В-эй ҳавои ишқу меҳри ту муроди табъи ман,
Ҳам бубинам давлати васли ту андар рабъи хеш,
Гар маҳалли давлату иқбол гардад рабъи ман!
АНВАРӢ ДАР ҶАВОБ ИН ҚИТЪА
ГУФТАВУ ӮРО СИТУДААСТ
Ба ҳамду сано чун кунам ройи назме,
На душвор гӯям, на осон фиристам,
Валекин ба ҳомӣ – ҷаноби Ҳамидӣ
Агар ваҳй бошад, ҳаросон фиристам!
Зи фазлу ҳунар чист, к-он нест ӯро,
Бигӯ, то маро гар бувад, он фиристам!
Ҳаме шарм дорам, ки пои малахро
Суи боргоҳи Сулаймон фиристам!
Ҳаметарсам аз ришханди раёҳин,
Ки хори мағелон ба бустон фиристам!
Ману қатрае чанд суъри сибоам,
Чи гӯӣ, ки бар оби ҳайвон фиристам!
Ману заррае чанд хоки заминам
Чи гӯӣ, ки бар чархи кайвон фиристам!
Ба обон гар аз накҳати мева боде
Насиме бидуздам, ба найсон фиристам!
Иммо – ё.
Вом – ё ҳадя, ё қарз.
Рабъ – манзил.
Суър – пасмонда.
Сибо(ъ) – ҳайвон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо