Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДАР ТАҚОЗО

Шеъре ба сони дебаи зарбафт бофтам
В-он гаҳ ба сӯи садри Муҷирӣ шитофтам.

Айби ман ин ки нестам аз Шаърии сипеҳр,
В-арна ба фазл мӯи маонӣ шикофтам!

Гар пурсадам касе, ки зи ҷудаш чи ёфтӣ,
Эй офтоби ҷуд, бигӯям, чи ёфтам?

ДАР ИШТИЁҚ

Ба Худое, ки ақли куллиро
Бар дараш сар бар остон дидам,

Аз пайи васфи ҳазрати иззаш
Даҳани нутқ безабон дидам,

Ки ман аз дурии ту дур аз ту
Бетакаллуф ҳалоки ҷон дидам,

Бе ту торик шуд ҷаҳон бар ман,
Ки ба рӯят ҳама ҷаҳон дидам!

БА МАҶЛИСИ СОҲИБ ИҶОЗАТ ХОҲАД

Худовандо, ба фарри давлати ту
Агар кабки заифам, боз гардам!

Ба дидори ту ҳастам орзӯманд,
Дароям ё ҳам аз дар бозгардам?


Дар оина чун нигоҳ кардам,
Як мӯи сафеди худ бидидам.

3-андешаи заъфу ваҳми пирӣ
Дар ойина низ нангаридам.

Имрӯз ба шонае аз он мӯй
Дидам ду-се тору бартапидам.

Шаърии сипеҳр – Шаъро, ки маънии мӯй ҳам дорад, аз ин рӯ, бо мӯшикофӣ мутаносиб аст; ситораи Парвин (Сурайё).

пешина
аз 328
навбатӣ