Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Забон гар барзад аз оташ забона,
Ниҳодам бо ду лаълаш дар миёна
В-агар зулфам сар аз фармонбарӣ тофт,
Ҳам аз сар тофтан таъдиби он ёфт
В-агар чашмам зи туркӣ тангие кард,
Ба узр омад чу ҳиндуи ҷавонмард,
Хами абрӯ-м агар зеҳ бар камон баст,
Бизан тираш, туро низ он камон ҳаст,
В-агар ғамза-м ба мастӣ тире андохт,
Ба ҳушёрӣ зи хокат тӯтиё сохт.
Гар аз ту ҷаъди хеш ошуфта дидам,
Ба занҷираш нигар, чун даркашидам.
Чу машъал сар даровардам бад-ин дар,
Ниҳодам ҷони худ чун шамъ бар сар.
Агар хаттат камар бандад ба хунам,
Наёбӣ нуқтавор аз хат бурунам
В-агар гирад висолат кори ман суст,
Ба оби дида гирам доманат чуст.
Ақиқат гар хурад хунам аз ин беш,
Ба марвориди дандонаш кунам реш.
Ман он боғам, ки мева-ш кас начидаст,
Дараш пайдо, калидаш нопадид аст.
Касе гар ҷуз ту бар норам кашад даст,
Ба ишва з-оби ангураш кунам маст.
Ҷуз он лаб, к-аз шакар дорад даҳоне,
Зи бодомам наёбад кас нишоне.
Агар чун фундуқам бар сар занӣ санг,
Зи уннобам наёбад ҷуз ту кас ранг.
Бар он кас чун даҳони писта хандам,
Ки ҷуз ту писта бикшояд зи қандам.
Касе, к-ӯ бо турунҷам кор дорад,
Турунҷосо қадам бар хор дорад.
Рутабчине, ки бо нахлам ситезад,
Зи ман ҷуз хор ҳеҷаш барнахезад.
Даҳоне, к-ӯ тамаъ дорад ба себам,
Ба муми сурх чун тифлаш фиребам.
Агар зер Офтоб ояд, забар Моҳ,
Бад-ин мева наёбад ҷуз ту кас роҳ!

ҒАЗАЛ ГУФТАНИ БОРБАД АЗ ЗАБОНИ ХУСРАВ

Накисо чун зад ин афсона бар соз,
Ситои Борбад бардошт овоз.
Наворо пардаи ушшоқ орост,
Дарафканд ин ғазалро дар Раҳи Рост:

пешина
аз 349
навбатӣ