Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ниҳодастӣ зи ишқам ҳалқа дар гӯш,
Бад-ин айбам харидӣ, бозмафрӯш!
Таманнои ман аз умру ҷавонӣ
Висоли туст в-он гаҳ зиндагонӣ.
Ба пайғоме зи ту розист гӯшам,
Бароям з-ин, агар з-ин беш кӯшам.
Манам дар пои ишқат рафта аз даст,
Ба хилват хӯрда май, танҳо шуда маст.
Манам он соя, к-аз болову аз зер
Зи поят сар нагардонам ба шамшер,
Нагардам аз ту, то бесар нагардам,
Зи ту то дарнагардам, барнагардам.
Сухан то чанд гӯям бо хаёлат,
Бурун ронам ҷанибат бо ҷамолат,
Ба ҳар сахтӣ, ки то акнун намудам,
Чу лаҳни мутрибон дар парда будам,
Кунун дар пардаи хун хоҳам афтод,
Чу барқ аз парда берун хоҳам афтод.
Чароғ аз дида чандон рӯй пӯшад,
Ки деги равғанаш з-оташ наҷӯшад.
Бихусбонам туро, ман мехурам ноб,
Ки ман сармаст хуш бошам, ту дар хоб.
Ба ҷои тӯтиё гардат ситонам,
Гаҳе бӯса, гаҳе дардат ситонам.
Сари зулфат ба гардан бозбандам,
Гаҳе гирям зи ишқат, гоҳ хандам.
Чунон бандам ба дил нақши нигинат,
Ки бар дастат надонад остинат.
Дар оғӯш ончунон гирам танатро,
Ки набвад огаҳӣ пироҳанатро.
Чу луъбатбози шаб пинҳон кунад роз,
Ман андар парда чун луъбат шавам боз.
Гар аз дастам чунин коре барояд,
Зи ҳар хоре-м гулзоре барояд.
Худоё, раҳ ба пирӯзӣ-м гардон,
Чунин пирӯзие рӯзӣ-м гардон!
Чу Хусрав гӯш кард ин қавл чолок,
Зи ҳолат кард ҳолӣ ҷомаро чок,
1
Ба сад фарёд гуфт, эй Борбад, ҳон,
Қавӣ кун ҷони ман дар колбад, ҳон!
Калимаи танбеҳ (ҳушдор) аст, ба маънии бохабар бош, ҳуш дор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо