Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ду ёри нозанин дар хоб рафта,
Фалак бедору аз чашм об рафта.
Ҷаҳон мегуфт, к-омад фитна сармаст,
Сиёҳӣ бар лабаш мисмор мебаст.
Фуруд омад зи равзан девчеҳре,
Набуда дар сиришташ ҳеҷ меҳре,
Чу қассоб аз ғазаб хунинишоне,
Чу наффот аз бурут оташфишоне.
Чу дузди хонабар коло ҳамеҷуст,
Сарири шоҳро боло ҳамеҷуст.
Ба болини шаҳ омад теғ дар мушт,
Ҷигаргоҳаш дариду шамъро кушт.
Чунон зад бар ҷигаргоҳаш сари теғ,
Ки хун барҷаст аз ӯ чун оташ аз меғ.
Чу аз моҳе ҷудо кард офтобе,
Бурун зад сар зи равзан чун уқобе.
Малик дар хоби хуш, паҳлӯ дарида,
Кушода чашму худро кушта дида.
Зи хунаш хобгаҳ тӯфон гирифта,
Дилаш аз ташнагӣ аз ҷон гирифта.
Ба дил гуфто, ки Ширинро зи хушхоб
Кунам бедору хоҳам шарбате об,
Дигар раҳ гуфт, бо хотир нуҳуфта,
Ки ҳаст ин меҳрубон шабҳо нахуфта,
Чу бинад бар ман ин бедоду хорӣ,
Нахуспад дигар аз фарёду зорӣ,
Ҳамон беҳ, к-ин сухан ногуфта бошад,
Шавам ман мурдаву ӯ хуфта бошад.
Ба талхӣ ҷон чунон дод он вафодор,
Ки Ширинро накард аз хоб бедор…
БЕДОР ШУДАНИ ШИРИН
Зи бас хун, к-аз тани шаҳ рафт чун об,
Дар омад наргиси Ширин зи хуш хоб.
Дигар шабҳо, ки бахташ ёр гаштӣ,
Ба бонги нойу най бедор гаштӣ,
Фалак, бингар, чи сардӣ кард ин бор,
Ки хуни гарми шоҳаш кард бедор.
Парешон шуд чу мурғи тобдида,
Ки буд он саҳмро дар хоб дида.
Паранд аз хобгоҳи шоҳ бардошт,
Яке дарёи хун дид, оҳ бардошт.
Зи шаб меҷуст нури офтобе,
Дареғо, чашмаш омад дар харобе.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо