Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу маҳди шоҳ дар гунбад ниҳоданд,
Бузургон рӯй дар рӯй истоданд.
Миён дарбаст Ширин пеши мӯбад,
Ба фаррошӣ дарун омад ба гунбад.
Дари гунбад ба рӯи халқ дарбаст,
Суи маҳди малик шуд дашна дар даст,
Ҷигаргоҳи маликро муҳр бардошт,
Бибӯсид он даҳан, к-ӯ бар ҷигар дошт,
Бад-он оин, ки дид он захмро реш,
Ҳамон ҷо дашнае зад бар тани хеш,
Ба хуни гарм шуст он хобгаҳро,
Ҷароҳат тоза кард андоми шаҳро,
Пас овард он гаҳе шаҳро дар оғӯш,
Лабаш бар лаб ниҳоду дӯш бар дӯш,
Ба нерӯи баланд овоз бардошт,
Чунон, к-он қавм з-овозаш хабар дошт,
Ки ҷон бо ҷону тан бо тан бипайваст,
Тан аз дуриву ҷон аз доварӣ раст.
Ба базми Хусрав - он шамъи ҷаҳонтоб
Муборак бод Ширинро шакархоб!
Ба омурзиш расад он ошное,
Ки чун ин ҷо расад, гӯяд дуое,
К-Илоҳо, тоза дор ин хокдонро,
Биомурз ин ду ёри меҳрубонро.
Зиҳӣ Ширину ширин мурдани ӯ,
Зиҳӣ ҷон додану ҷон бурдани ӯ,
Чунин воҷиб кунад дар ишқ мурдан,
Ба ҷонон ҷон чунин бояд супурдан!
На ҳар, к-ӯ зан бувад, номард бошад,
Зан он мард аст, к-ӯ бедард бошад.
Басо раъно зано, к-ӯ шермард аст,
Басо дебо, ки шераш дарнавардаст.
Ғуборе бардамид аз роҳи бедод,
Шабехун кард бар насрину шамшод.
Баромад абре аз дарёи андӯҳ,
Фурӯ борид селе кӯҳ то кӯҳ.
Зи рӯи дашт боде тунд бархост,
Ҳаворо кард бо хоки замин рост.
Бузургон чун шуданд огаҳ аз ин роз,
Бароварданд ҳолӣ яксар овоз,
Ки аҳсант, эй замону эй замин, зеҳ!
Арӯсонро ба домодон чунин деҳ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо