Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар неку баде, ки дар шумор аст,
Чун дарнигарӣ, салоҳи кор аст.
Бас ёфта кон ба соз бинӣ,
Ноёфта беҳ, чу бозбинӣ.
Бисёр ғараз, ки дар навард аст,
Пӯшидани ӯ салоҳи мард аст.
Ҳар кас ба такест бист бар бист
В-огаҳ на касе, ки маслиҳат чист.
Сарриштаи ғайб нопадид аст,
Бас қуфл, ки бингарӣ, калид аст.
Бечора касест одамизод,
Хоке, ки чу пуф кунӣ, барад бод.
Хуш бош дар инчунин мағоке,
Бар хок фикан ҳадиси хокӣ.
Чун дурталаб аз барои фарзанд
Мебуд чу кони лаъл дар банд,
1
Эзид ба тазарруъе, ки шояд,
Додаш писаре, чунон, ки бояд.
Навруста гуле чу нори хандон,
Чӣ нору чи гул, ҳазор чандон,
Равшангуҳаре зи тобнокӣ,
Шабрӯзкуни сарои хокӣ.
Чун дид падар ҷамоли фарзанд,
Бикшод дари хазинаро банд,
Аз шодии он хазинахезӣ
Мекард чу гул хазинарезӣ.
Фармуд варо ба доя додан,
То раста шавад зи моя додан,
Даврон-ш ба ҳукми доягонӣ
Парвард ба шири меҳрубонӣ.
Ҳар шир, ки дар лабаш сириштанд,
Ҳарфе зи вафо бар ӯ навиштанд.
Ҳар моя, ки аз ғизо-ш доданд,
Дилдӯстие дар ӯ ниҳоданд.
Ҳар нил, ки бар рухаш кашиданд,
Афсуни диле бар ӯ дамиданд.
Чун лола даҳан ба шир мешуст,
Чун барги суман зи шир меруст.
Гуфтӣ, ки ба шир буд шаҳде,
Ё буд маҳе миёни маҳде.
Аз маҳ чу ду ҳафта буд рафта,
Шуд моҳи дуҳафта бар ду ҳафта.

Зорӣ, тавалло (аз Худо).

пешина
аз 349
навбатӣ