Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он дам, ки ҷамоли Каъба дарёфт,
Дар ёфтани мурод биштофт.
1
Бигрифт ба рифқ дасти фарзанд,
Дар сояи Каъба дошт якчанд.
Гуфт: эй писар, ин на ҷои бозист,
Биштоб, ки ҷои чорасозист,
Дар ҳалқаи Каъба ҳалқа кун даст,
К-аз ҳалқаи ғам бад-ӯ тавон раст,
Гӯ: ё Раб, аз ин газофкорӣ
Тавфиқ деҳам ба растагорӣ,
Раҳмат куну дар паноҳам овар,
З-ин шефтагӣ ба роҳам овар,
Дарёб, ки мубталои ишқам
В-озод кун аз балои ишқам!
Маҷнун чу ҳадиси ишқ бишнид,
Аввал бигирист, пас бихандид,
Аз ҷой чу мори ҳалқа барҷаст,
Дар ҳалқаи зулфи Каъба зад даст.
Мегуфт гирифта ҳалқа дар бар,
К-имрӯз манам чу ҳалқа бар дар,
Дар ҳалқаи ишқ ҷон фурӯшам,
Бе ҳалқаи ӯ мабод гӯшам!
Гӯянд: зи ишқ кун ҷудоӣ,
К-ин аст тариқи ошноӣ,
Ман қут зи ишқ мепазирам,
Гар мирад ишқ, ман бимирам,
Парвардаи ишқ шуд сириштам,
Ҷуз ишқ мабод сарнавиштам,
Он дил, ки бувад зи ишқ холӣ,
Селоби ғамаш барод ҳолӣ!
Ё Раб, ба худоии худоӣ-т
В-он гаҳ ба камоли подшоӣ-т,
К-аз ишқ ба ғояте расонам,
К-ӯ монад, агарчи ман намонам!
Аз чашмаи ишқ деҳ маро нур
В-ин сурма макун зи чашми ман дур,
Гарчи зи шароби ишқ мастам,
Ошиқтар аз ин кунам, ки ҳастам!
Гӯянд, ки хӯ зи ишқ во кун,
Лайлиталабӣ зи дил раҳо кун,
Ё Раб, ту маро ба рӯи Лайлӣ
Ҳар лаҳза бидеҳ зиёда майле,
Аз умри ман он чи ҳаст барҷой,
Бистону ба умри Лайлӣ афзой!

Рафоқат, меҳрубонӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ