Ҳафтахтар Ҷилди 3

Оинаи дард пеш медошт,
Мӯнис зи хаёли хеш медошт.
1
Пайдо шағабе чу бод мекард,
Пинҳон ҷигаре чу хок мехӯрд.
Ҷуз соя набуд пардадораш,
Ҷуз парда касе на ғамгусораш.
Азбаски ба соя роз мегуфт,
Ҳамсояи ӯ ба шаб намехуфт.
Месохт миёни обу оташ,
Гуфтӣ, ки парист он париваш…
Мехӯрд ғаме ба зери парда,
Ғам хӯрда варову ғам нахӯрда.
Дар гӯш ниҳода ҳалқаи зар,
Чун ҳалқа ниҳода гӯш бар дар.
Бо ҳалқаи гӯши хеш месохт
В-он ҳалқа ба гӯши кас наандохт,
Дар ҷустани нури чашмаи Моҳ
Чун чашма бимонда чашм бар роҳ,
То худ кӣ бад-ӯ паёме орад,
З-ороми дилаш саломе орад.
Боде, ки зи Наҷд бардамидӣ,
Ҷуз бӯи вафо дар ӯ надидӣ
В-абре, ки аз он тараф кушодӣ,
2
Ҷуз оби латаф бад-ӯ надодӣ.
Ҳар ҷо, ки зи кунҷи хона медид,
Бар худ ғазале равона медид.
Ҳар тифл, ки омадӣ зи бозор,
Байте гуфтӣ нишонда бар кор.
Ҳар кас, ки гузашт зери бомаш,
Медод ба байтаке паёмаш.
Лайлӣ, ки чунон малоҳате дошт,
Дар назми сухан фасоҳате дошт,
Носуфта дуреву дур ҳамесуфт,
Чун худ ҳама байти бикр мегуфт,
Байте, ки зи ҳасби ҳоли Маҷнун
Хондӣ ба масал чу дурри макнун,
Онро дигаре ҷавоб гуфтӣ,
Оташ бишунидӣ, об гуфтӣ,
Пинҳон варақе ба хун сириштӣ
В-он байтакро бар ӯ навиштӣ,
Бар роҳгузар фикандӣ аз бом,
Додӣ зи суман ба сарв пайғом.
Он руқъа касе, ки баргирифтӣ,
Бархондиву рақс даргирифтӣ.
Шӯру хурӯш; фитнаву фасод.
Эҳсон, хайр.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо