Ҳафтахтар Ҷилди 3

То ҳамсари ту нагардад он моҳ,
Аз вай накунам каманд кӯтоҳ!
Маҷнун зи сари умедворӣ
Мекард ба саҷда ҳақгузорӣ,
К-ин қисса, ки атрсои мағз аст,
Гар рангу фиреб нест, нағз аст.
Ӯро ба чу ман рамидахӯе
Модар надиҳад ба ҳеҷ рӯе.
Гулро натавон ба бод додан,
Маҳзода ба девзод додан.
Ӯро суи мо куҷо тавоф аст,
Девонаву моҳи нав газоф аст!
Шустанд басе ба чорасозӣ
Пироҳани мо нашуд намозӣ.
Карданд басе сапедсимӣ,
1
Аз мо нашуд ин сияҳгилемӣ
Гар дасти туро каромате ҳаст,
Он дастрасӣ бувад на з-ин даст.
Андеша кунам, ки вақти ёрӣ
Дар нимараҳам фурӯ гузорӣ.
Ноомада он шикор дар шаст,
Дорӣ зи ману зи кори ман даст.
Он бод, ки ин дуҳулзабонӣ
Бошад тиҳӣ аз тиҳимиёнӣ.
Гар аҳд кунӣ, бад-он чи гуфтӣ,
Муздат бошад, ки роҳ руфтӣ!
В-ар чашмаи ин сухан сароб аст,
Бигзор маро, туро савоб аст,
То пешаи хеш пеш гирам,
Хезам, пайи кори хеш гирам!
Навфал зи нафири зории ӯ
Шуд тезинон ба ёрии ӯ,
К-ӯ низ ғарибу ҳам ҷавон буд,
Озодасиришту меҳрубон буд.
Бахшуд бар он ғариби ҳамсол,
Ҳамсоли тиҳӣ на, балки ҳамҳол.
2
Мисқол намуду хӯрд савганд,
Аввал ба худоии Худованд
В-он гаҳ ба рисолати расулаш,
К-имондиҳи ақл шуд қабулаш,
К-аз роҳи вафо ба ганҷу шамшер
Кӯшам на чу гург, балки чун шер.
1
Дар ин ҷо ба маънои нарафт.
Ченаки вазн аст ва ба маънои динору дирам низ меояд. Манзур шояд вазн ва қадру қимати он шахс бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо