Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

РАҲОНИДАНИ МАҶНУН ОҲУВОНРО

Созандаи арғунуни ин соз
Аз парда чунин барорад овоз,
К-он мурғи ба ком норасида,
Аз навфалиён чу шуд бурида,
Тайёраи тундро шитобон
Меронд чу бод дар биёбон.
Мехонд суруди бевафоӣ
Бар Навфалу он хилофроӣ.
Бо ҳар дамане аз он вилоят
Мекард зи бахти бад шикоят.
Мерафт сиришкрезу ранҷур,
Андохта дид доме аз дур.
Дар дом фитода оҳуе чанд,
Маҳкам шуда дасту пой дар банд.
Сайёд бад-ин тамаъ, ки хезад,
Хун аз тани оҳувон бирезад.
Маҷнун ба шафоат аспро ронд,
Сайёд савор диду дармонд.
Гуфто, ки ба расми домёрӣ
Меҳмони туам, бад-он чи дорӣ,
Дом аз сари оҳувон ҷудо кун,
Ин як-ду рамидаро раҳо кун!
Беҷон чи кунӣ рамидаеро,
Ҷонест ҳар офаридаеро!
Чашмеву сурине инчунин хуб,
1
Бар ҳарду набишта ғайри мағзуб,
Дил чун диҳадат, ки барситезӣ,
Хуни ду-се бегунаҳ бирезӣ?
Он кас, ки на одамист, гург аст,
Оҳукушӣ оҳуе бузург аст.
Чашмаш на ба чашми ёр монад?
Бӯяш на ба навбаҳор монад?
Бигзор ба ҳаққи чашми ёраш,
Бинвоз ба ёди навбаҳораш!
Гардан мазанаш, ки бевафо нест,
Дар гардани ӯ расан раво нест,
Он гардани тавқбанди озод
Афсӯс бувад ба теғи пӯлод
В-он чашми сиёҳи сурмасуда
Дар хок хато бувад ғунуда
В-он сина, ки рашки сими ноб аст,
На дархури оташу кабоб аст

Ғазаб.

пешина
аз 349
навбатӣ